Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Ин бозӣ рӯзи 23-юми июн дар доираи бозиҳои гурӯҳи K баргузор шуд. Португалия аз дақиқаҳои аввал бартарӣ дошт ва бо голҳои Криштиану Роналду, Нуну Мендеш, як автогол ва Рафаэл Леау пирӯзии калон ба даст овард. Роналду дар ин дидор ду бор тӯбро вориди дарвозаи Узбекистон кард.

Бо ин бохт, Узбекистон баъди ду бозӣ ҳамоно бидуни хол монд. Дастаи узбекҳо дар бозии аввал низ аз Колумбия бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуда буд.

Дар бозии дигари ҳамин рӯз дар гурӯҳи K, Колумбия Конгои Демократиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард ва бо ин пирӯзӣ роҳи худро ба даври навбатии турнир кушод. Бо натиҷаҳои ин ду бозӣ, Португалия дар ҷои аввали гурӯҳ бо 4 хол, Колумбия дар ҷои дуюм бо 6 хол, Конгои Демократӣ дар ҷои сеюм бо 1 хол ва Узбекистон дар ҷои охир бо 0 хол қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, дар гурӯҳи L низ ду бозии дигар баргузор гардид — Англия бо Гана 0:0 баробар шуд ва Хорватия бо ҳисоби 1:0 Панамаро мағлуб кард.

Узбекистон акнун дар бозии ниҳоии гурӯҳ бо Конгои Демократӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Барои зинда нигоҳ доштани умеди роҳёбӣ, ин даста бояд ҳатман пирӯз шавад ва ҳамзамон ба натиҷаҳои дигар бозиҳои гурӯҳ низ такя кунад.

Бо вуҷуди бохти вазнин, ҳузури Узбекистон дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 барои футболи ин кишвар рӯйдоди таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро ин аввалин бор аст, ки мунтахаби Узбекистон ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфтааст.

Аммо пас аз ин бозӣ ва бохти тими Узбекистон наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дида мешавад, ҷонибдорони тими миллии Узбекистон ин бохтро таҳаммул накарда, доду фиғон мекунанд ва ҳатто тлевизионҳои худро мешикананд ва дашномҳои қабеҳ мекунанд, ки тимашон муваффақ нашуд ва голеро ба ҳадаф расонда натавонист.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.