Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ӯ ҳамчунин ба содир кардани ҷиноятҳои дигари вазнин низ гумонбар мешавад.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, боздоштшуда Шоҳин Арабов ном дошта, аз маводи нашъадори навъи “метаамфетамин”, маъруф ба “кристалл” истифода кардааст. Мақомот мегӯянд, ӯ ҳангоми мадҳушӣ як ноболиғро рабуда, бо ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.

Гуфта мешавад, бар зидди гумонбар тибқи моддаҳои 130 (одамрабоӣ), 142 (ҳаракатҳои бадахлоқона) ва 201 (муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти мақомот, Шоҳин Арабов қаблан низ бо ҷурми дуздӣ маҳкум шудааст. Назари худи ӯ ё наздиконаш ба иттиҳомҳои эълоншуда то ҳол дастрас нест.

Ин дарҳоле аст, ки моҳи ноябри соли 2023 парлумони Тоҷикистон ҷазо барои анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғонро сангинтар кард. Бар асоси тағйирот, барои чунин ҷиноятҳо, агар нисбат ба ду ё зиёда ноболиғи то 14-сола содир шуда бошанд, аз 5 то 8 соли зиндон ва маҳрумияти якумрӣ аз ишғоли баъзе мансабҳо пешбинӣ шудааст.

Қонунгузории Тоҷикистон ҳамчунин барои дигар ҷиноятҳои марбут ба дахлнопазирии ҷинсӣ низ ҷазоҳои вазнин муқаррар кардааст. Аз ҷумла, барои таҷовуз ба номус аз 7 то 12 сол ва дар ҳолати такрор аз 12 то 25 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба Бишкек рафт.

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...