Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон бо гумони кӯшиши қаллобӣ

Додгоҳи ноҳияи Замбрув (Zambrów)-и Лаҳистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми кӯшиши қаллобӣ барои се моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

Гуфта мешавад, додгоҳи мазкур дар пайи дархости Додситонии шаҳри Вомжа (Łomża)-и Лаҳистон ҳамроҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ Анвар К. ном бурда мешавад, боз ду шаҳрванди Украина Володимир Б. ва Иллия С.-ро низ ба се моҳи зиндон маҳкум кард. Ва тафтиши парвандаи ин се нафарро Додситонии ноҳияи Замбрув пеш мебарад.

Додситонӣ ҳамаи онҳоро муттаҳам ба он мекунад, ки рӯзҳои 10 ва 11-уми июни соли 2026 бо тамоси телефонӣ ва бо маслиҳати пешакӣ кӯшиш кардаанд як шаҳрванди Лаҳистон бо Януш С.-ро фиреб дода, 50 000 злотӣ (беш аз 13 200 доллар)-и ӯро бо роҳи қаллобӣ ба даст оваранд.

Ба ибораи дигар, ин афрод гумонбар ба онанд, ки “ба таври муштарак ва бо ҳамоҳангӣ тавассути тамоси телефонӣ кӯшиш кардаанд Януш С.-ро фиреб диҳанд, то ӯ 50 ҳазор злотӣ аз дороии худро ба шакле, ки ба манфиатҳои молиявии ӯ зарар мерасонад, аз даст диҳад”, омадааст дар баёнияи Додситонӣ.

Тибқи маълумоти мақомоти Лаҳистон, гумонбарон бо Януш С. тавассути телефон тамос гирифта, ӯро нисбат ба шахсияти воқеии тамосгирандагон гумроҳ кардаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, нақша аз он иборат будааст, ки аз ҷабрдида маблағи 50 ҳазор злотӣ ситонанд. Ин маблағ гӯё дар платформаи сармоягузории Quantum Core сармоягузорӣ шуда будааст.

Ҳамчунин, як шахси дигаре, ки то ҳол шахсияташ муайян нашудааст, бо ҷабрдида тамос гирифта, худро Томаш Грабовский муаррифӣ кардааст. Ӯ Януш С.-ро ташвиқ намудааст, ки маблағи мазкурро супорад.

Баъд аз ин, рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ шаҳрвандони Украина Володимир Б. ва Иллия С. ба маҳалли зисти Януш С. рафтаанд, то маблағи 50 ҳазор злотиро қабул намоянд. Аммо нақшаи онҳо амалӣ нашудааст, зеро ҷабрдида пай бурдааст, ки эҳтимол қурбонии қаллобӣ шудааст ва пулисро хабар қардааст.

Додситон таъкид мекунад, ки парванда дар ҳоли баррасӣ аст ва ба анҷом нарасидааст ва гумонбарон натавонистаанд маблағи зикршударо ба даст оранд. Бо вуҷуди ин, мақомоти тафтишотӣ талоши нокоми онҳоро ҳамчун кӯшиши қаллобии сармоягузорӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 13-уми июн Шуъбаи дуюми ҷиноятии Додгоҳи ноҳияи Zambrów ҳар се дархости прокурорро қонеъ намуда, нисбати Анвар К., Володимир Б. ва Иллия С. ҳабси муваққатии семоҳа таъйин кардааст.

Дар сурати исбот шудани иттиҳомот нисбати гумонбарон дар додгоҳ, ба онҳо ҷазои аз 6 моҳ то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Мақомоти Лаҳистон танҳо ном ва ҳарфи аввали насаби гумонбаронро нашр кардаанд. Аз ин рӯ, шахсияти пурраи онҳо расман ошкор нашудааст. Ва назари гумонбарон ва ё вакили дифоашон ҳам дар робита ба ин иттиҳом маълум нест.

Қобили зикр аст, ки тибқи қонунгузории Лаҳистон, ҳабси муваққатӣ маънои гунаҳкор эътироф шудани шахсро надорад. Анвар К. ва ду шаҳрванди Украина айни замон ҳамчун гумонбар дар парванда шинохта мешаванд ва қарор дар бораи гунаҳкорӣ ё бегуноҳии онҳо танҳо аз ҷониби додгоҳ пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ қабул хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.

Заминларзаи сахт дар Венесуэла даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт

Дар пайи ду заминларзаи пурқувват дар Венесуэла даҳҳо нафар ҷон бохта, садҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон боз андоз аз нақлиёт зиёд шуд

Дар Тоҷикистон ба Кодекси андоз тағйирот ворид карда шуд, ки бар асоси он миқдори андоз барои баъзе навъҳои воситаҳои нақлиёт афзоиш меёбад.

Кушта шудани як фармондеҳи баландпояи ДИИШ дар Сурия

Амрико эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи ДИИШ кушта шудааст.