Фармондеҳии марказии артиши Амрико (CENTCOM) эълон кард, ки дар як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ин кишвар дар шимолу ғарби Сурия, яке аз раҳбарони баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) кушта шудааст.
Бар асоси иттилои СЕНТКОМ, ин ҳамла рӯзи 19-уми июн дар шимолу ғарби Сурия анҷом шуда, дар натиҷа Алӣ Ҳусайн ал-Улайвӣ, ки ҳамчун як раҳбари аршади ДИИШ муаррифӣ мешавад, кушта шудааст. Фармондеҳии марказии Амрико гуфтааст, ин зарба бахше аз талошҳои идомадори Вашингтон барои аз байн бурдани афроде мебошад, ки ба гуфтаи он, қасди ҳамла ба шаҳрвандон ва манфиатҳои Амрико дар хориҷ ё дохили кишварро доранд.
СЕНТКОМ ҷузъиёти зиёде дар бораи нақши дақиқи Алӣ Ҳусайн ал-Улайвӣ дар сохтори ДИИШ нашр накардааст, аммо фармондеҳи ин ниҳод, адмирал Брэд Купер, гуфтааст, Амрико ва шариконаш ба амалиёт алайҳи боқимондаҳои ДИИШ идома медиҳанд, то “шикасти пойдори” ин гурӯҳ таъмин шавад.
Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, ҳамла дар наздикии деҳаи Дайр Ҳассан дар наздикии марзи Туркия сурат гирифтааст. Пештар фаъолони маҳаллӣ аз кушта шудани як нафар дар пайи зарбаи ҳавоӣ ба як мотосикл дар он минтақа хабар дода буданд, аммо шахсияти ҳадаф танҳо баъдан аз ҷониби мақомоти амрикоӣ тасдиқ шуд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи огоҳон, бо вуҷуди аз даст додани қаламравҳои асосиаш дар Сурия дар соли 2019, бахши хуфтаи ДИИШ ҳамоно дар ин кишвар фаъол боқӣ мондаанд. Бархе гузоришҳо мегӯянд, ин гурӯҳ дар моҳҳои охир ҳамлаҳои парокандаеро дар Сурия анҷом додааст.
