Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа дар имсол додхоҳии хоҳари яке аз зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон вуҷуду идомаи озори зиндониёни сиёсӣ дар кишварро бори дигар матраҳ кард.
Созмони Милали Муттаҳид 26 июнро Рӯзи байналмилалии ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа эълон кардааст, ки ин иқдом дар 12 декабри соли 1997 тайи қатъномае аз сӯйи ин созмони байналмилалӣ иттифоқ уфтод.
Бо ин ҳол, Гулбибӣ Ҳаитова, хоҳари Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ё ҳамакнун Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар 16 июн дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, мақомоти раҳбарии зиндон бародарашро дар зиминистон урён болои барф нигоҳ медоштаанд ва бо калтак ба бадани ӯ мезадаанд. Ба иддаои хоҳари ин зиндонии сиёсӣ, даруни оби сард нигоҳ доштани Маҳмадалӣ Ҳаит дигаре аз шеваҳои шиканҷа болои ӯст, ки тоза расонаӣ шудааст.
Гулбибӣ Ҳаитова тайи як видеое, ки расонаӣ шудааст, мегӯяд, ба далели ин ки бародараш бо як шаҳрванди Афғонистон ва дигар нафарони муттаҳам ба куштори инсон дар як селул нигаҳдорӣ мешавад, дар суҳбат бо пайвандонаш гуфтааст, эҳтимол аст, ки кушта шавад.
Маҳмадалӣ Ҳаит, собиқ мувоини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тирамоҳи соли 2015 ҳамроҳ бо чанде аз мақомҳои радаи аввали ин ҳизб боздошт шуд. Ӯро ба иттиҳоми терроризм ва барандозии низоми ҳоким дар Тоҷикистон барои як умр ба зиндон маҳкум кардаанд. Оқои Ҳаит ҷудо аз фаъолияташ дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар гузашта аз рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони маъруфе буд, ки ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта ба хотири нақзи ҳаққи ҳамкоронаш дар Радиои Тоҷикистон иқдом ба гуруснанишинӣ карда буд. Ӯ он замон аз фаъолони ҳаракати эҳёи арзишҳои миллӣ дар Тоҷикистон буд.
Пас аз расонаӣ шудани шиканҷаи оқои Ҳаит дар зиндон ба ҷойи посух гуфтан ба суолҳои матруҳаи Гулбибӣ Ҳаитова дар мавриди шиканҷаи бародари зиндонияш мақмоти шуъбаи Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ин хонуми ҳақталабро 546 сомонӣ ҷарима карданд. Гуфта мешавад, ӯ ба иттиҳоми таҳқири кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, бахусус Раҳмон Нуриддин ҷарима шудааст. Аммо хонум Ҳаитова ин иддаоҳоро рад кардааст.
Додхоҳии хоҳари Маҳмадалӣ Ҳаит дар ҳолест, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қисмате аз даъвои як қурбонии шаканҷа алайҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро ҳақ донистааст. Неъматҷон Ашӯрматов, ки беш аз ду сол пеш ба иттиҳоми коҷоқи маводи мухаддир боздошт шуда буд, дар муроҷиат ба додгоҳ иддао кардааст, ки шиканҷа шудааст ва додгоҳ ҳам қисмате аз иддаоҳои ӯро эътироф кардааст.
Бо ин ҳол, дар моҳи апрели имсол Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид бо истиқбол аз пешрафти Тоҷикистон дар заминаи ислоҳи низоми зиндонҳо дар кишвар дар бархе аз маворид аз вуҷуди шиканҷа зимни гирифтани эътирофот аз афроди мазнун изҳори нигаронӣ карда буд. Ба иддаои ин кумита, додгоҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам эътирофотеро, ки бо зӯриву бадрафторӣ ва шиканҷа ба даст омадаанд, ҳамчун далел қабул мекунанд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.
Бо вуҷуди ин мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои истифода аз шиканҷа маҳкум ба зиндон шудааст, вале ба эътирофи мақомоти марбути кишвар, онҳо тайи ин муддат беш аз 100 шикоят дар ин замина дарёфт кардаанд. Омори эъломшуда дар робита ба шиканҷа аз тарафи мақомот дар ҳолест, ки манобеи хабарии хориҷӣ мегӯянд, шикояти нафарони қурбонии шиканҷа аз тарафи мақомоти ниҳодҳое сурат мегирад, ки дар ин шиканҷаҳо даст доранд ва ба ин далел болои нафароне, ки шикоят кардаанд, фишор ворид мешавад, то аз он даст бикашанд.
Дар ин зимн Гулчеҳра Холматова, раҳбари гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, танҳо дар соли 2025 зимни муроҷиат ба онҳо шаҳрвандон дар 21 маврид аз истифодаи шиканҷа алайҳи онҳо ё наздиконашон шикоят кардаанд. Ӯ гуфтааст, кулли шикоятҳо марбути ниҳодҳои тобеи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳастанд, ки боздоштҳои ғайриқонунӣ, латукӯб, истифода аз нерӯи барқ ва зӯр барои гирифтани эътирофоти иҷборӣ, фишори рӯҳӣ, таҳдид, маҳрумият аз вакили дифоъ ва кумаки пизишкиро шомил мешаванд.
Бояд гуфт, қазияи марги мармузи Мақсудҷон Саидов дар боздоштгоҳи шуъбаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар моҳи январи имсол бар шакку гумонҳо дар мавриди вуҷуди шиканҷаи афроди боздоштшуда афзуд. Дӯстони ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буданд, дар ҷасади ӯ доғҳое дида мешуданд, ки бар шиканҷа шудани ӯ далолат мекарданд. Феълан ки гуфта мешавад, шаш нафар аз кормандони пулиси Тоҷикистон муттаҳам ба марги ӯ шудаанд, ҳич нафаре аз онҳо ба шикаҷаи фарди боздоштшуда муттаҳам нашудааст.
Ҳарчанд Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 1995 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро тасвиб кардааст, аммо ин рӯйкарди ғайриинсонӣ дар нисбати зиндониён ҳоло ҳам ба унвони нигаронии ҷомеа боқист. Ин масъала ҳанӯз дар соли 2012, пас аз расонаӣ шудани марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии 27-солаи зодаи Ҳисор дар ҷомеаи кишвар доғ шуд. Зимнан тамдиди ҳукми маҳбаси Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, аз зиндониёни собиқ ба 7 ва 9 сол ба далели ошкор кардани вуҷуди шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон дар соли 2013 аз дигар қазияҳои пурсарусадо дар робита ба масъалаи озору азияти зиндониёни тоҷикистонӣ будааст. Маҳз вуҷуди ҳамин мушкил буд, ки Маҳмурод Одинаевро ба зиндон бурд.
Феълан созмонҳои байналмилалӣ беҳбуди вазъ дар ин заминаро таъйид мекунанд, аммо аз вуҷуди шиканҷа дар кишвар то ҳол нигаронанд. Аз тарафи дигар адами ниҳоди мустақил таҳқиқи қазоёи шиканҷаи зиндониён бештаре аз қурбониёнро аз шикоят дар ҷиҳати нақзи ҳуқуқашон бозмедорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуна вазъ, ҳамчунин адами шаффофият дар иқдомоти мақомоти давлатӣ дар ҷиҳати аз байн бурдани шиканҷа, дастрасии маҳдуди созмонҳои байналмилалӣ ба манобеъ ва қурбониён, фишор болои нафарони қурбонии ин навъ аз озори зиндониён, адами манобеи иттилоотии алтернативӣ, расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон қазияро боз ҳам печидатар мекунад.
