Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд. Дар Фаронса, Олмон, Италия, Испания ва чанд кишвари дигар ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло рафта, мақомот аз аҳолӣ даъват кардаанд, ки аз гармии шадид эҳтиёт кунанд.

Дар Фаронса бинобар гармии бесобиқа дар чандин минтақаҳо сатҳи баландтарини огоҳии обуҳавоӣ эълон шудааст. Мақомот фаъолияти ҳазорҳо мактабро муваққатан қатъ ё маҳдуд карда, бархе чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла фестивалҳо ва барномаҳои фарҳангиро лағв кардаанд. Ба иттилои мақомоти тандурустӣ, гармии шадид то кунун боиси марги даҳҳо нафар шудааст.

Дар Олмон низ ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳо ба ҳудуди 38–40 дараҷа расидааст. Бар асари гармии аз ҳад зиёд, дар баъзе роҳҳо қабати асфалт осеб дида, ҳаракати нақлиёт мушкил шудааст. Мақомот аз сокинон хостаанд, ки дар соатҳои гармтарини рӯз аз берун рафтан худдорӣ карда, бештар об нӯшанд.

Коршиносон мегӯянд, ин мавҷи гармо бо падидаи обуҳавоии маъруф ба «Омега-блок» ба вуҷуд омадааст, ки ҳавои гарми Африқои Шимолиро ба Аврупо меорад. Ба гуфтаи гурӯҳи илмии World Weather Attribution, чунин мавҷҳои гармо бинобар тағйирёбии иқлим нисбат ба ду даҳсолаи пеш чандин маротиба бештар шудаанд.

Мақомоти кишварҳои аврупоӣ аз шаҳрвандон, бахусус пиронсолон, кӯдакон ва гирифторони бемориҳои музмин, хостаанд, ки дар ҷойҳои салқин қарор гиранд, аз офтоби мустақим дурӣ ҷӯянд ва тавсияҳои хадамоти тандурустиро риоя кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...

ФАВРӢ! КҲФ аз дарёи Панҷ ҷасаде пайдо карда, ки эҳтимол Мирзонаботов бошад

КҲФ рӯзи 25-уми июн бо интишори хабари фаврие иттилоъ дод, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як мардро пайдо карданд.