Созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” аз оғози таҳияи Меморандуми байналмилалӣ барои роҳ надодан ба истирдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Австрия ва ҳамзамон оғоз гардидани як маъракаи байналмилалӣ барои дастгирии он хабар дод.
Тибқи изҳороти созмон, ки 29-уми июни соли ҷорӣ нашр шудааст, ин ташаббус пас аз дарёфти санадҳое рӯи даст гирифта шудааст, ки ба дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди 18 паноҳандаи тоҷик аз Австрия марбут мебошанд.
Дархост аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба имзо расида, ба Вазорати федералии Австрия фиристода шудааст.
Созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” ҳамчунин ба номаи Вазорати федералии корҳои Аврупо ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия, ки ба Вазорати федералии адлия ва Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ирсол шудааст, ишора мекунад, ки дар он гуфта мешавад, дар дархости Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сухан дар бораи 18 нафаре меравад, ки эҳтимолан дар ҳудуди Австрия қарор доранд ва ба созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ва “Паймони миллии Тоҷикистон” иртибот доранд.
Дар нома инчунин оварда шудааст, ки “Мувофиқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, аъзои ин гурӯҳҳо дорои ангезаҳои экстремистӣ ва террористӣ мебошанд ва бинобар ин дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Бо вуҷуди ин, истисно кардан мумкин нест, ки ин шахсон бинобар мансубият доштан ба ҳаракатҳои мухолифин ва ё ҳаракатҳои танқидкунандаи ҳукумат, мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гиранд.”
Созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” дар изҳороташ таъкид мекунад, ки мавҷудияти чунин хулоса дар санадҳои расмии мақомоти Австрия зарурати баррасии ҷиддӣ ва ҳамаҷонибаи ҳар як дархости истирдодро ба миён меорад. Ба гуфтаи созмон, ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо бояд меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла принсипи бознагардонӣ (non-refoulement) риоя карда шаванд. Ин принсип истирдоди шахсонро ба кишварҳое манъ мекунад, ки дар он ҷо хатари воқеии таъқиби сиёсӣ, шиканҷа ё муҳокимаи ноодилонаи додгоҳӣ вуҷуд дорад.
Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, раҳбари созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон”, дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки танҳо ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ метавонад аз истифодаи раванди истирдод ҳамчун воситаи таъқиби сиёсӣ пешгирӣ кунад ва риояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро таъмин намояд.
Вай ҳамчунин аз созмонҳои байналмилалӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии тоҷик, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолон, ҳуқуқшиносон, намояндагони расонаҳо ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор даъват кардааст, ки ба меморандум имзо гузоранд.



