Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми июни соли ҷорӣ зимни суханронияш дар робита ба “Рӯзи ваҳдати миллӣ” Созишнмоаи сулҳро “бузургтарин дастоварди тоҷикон” номид, ки ба гуфта ӯ, ба осонӣ ба даст наомадааст.
Ба иддаои раисҷумҳур рӯзи 25-уми июн бо ташаббуси Тоҷикистон таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036” қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
“Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд.”, мегӯяд ӯ.
Ҳамчунин тариқи ин санад аз ҳамаи давлатҳо даъват мешавад, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо – аз оила, ҷомеа, кишвар ва минтақа то муносибатҳои байналмилалӣ талош варзанд.
Эмомалӣ Раҳмон иддо мекунад, ки ба ҷавонон бояд омӯзонд, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки “сулҳ фарҳанг аст, сулҳ масъулият аст” ва аз ҳама муҳим “сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст.” Ӯ ҳамчунин меафзояд, ки сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст.
Аммо ба назари мунтақидон, ин ҷумлаҳо дар қомуси Эмомалӣ Раҳмон танҳо оҳанги зебо доранд, вале дар асл агар сулҳ барои ӯ эҳтироми шаъну шарафи инсон ва таъмини адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳама мебуд, ҳоло ҳазорҳо озодандешу мухолифи сиёсӣ дар зиндонҳо намебуданду беш аз ду миллион ҷавон ва қувваи кории тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар муҳоҷир набуд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ёдовра шуда, таъкид кард, ки мардуми мо даҳшату фоҷеаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Вале, ба гуфтаи ӯ, хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллии мо ҳанӯз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
Созишномаи сулҳи тоҷикон 27-уми июни соли 1997 ба даст омадааст, ин рӯзро ҳамасола ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд. Имзои ин созишнома ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хотима бахшид ва барои ташаккули сохтори нави давлатдорӣ замина гузошт. Имрӯз ин рӯз танҳо аз ҷониби ҳукумат ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмӣ ва суботи сиёсӣ таҷлил мешавад, вале суботе, ки бо қувваи як ҷониб контрол мешавад.
Ба назари мунтақидон, Эмомлаӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояш тарафи дигари сулҳро, ки дар раъси онҳо Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо раҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ меистод, нодида мегирад ва тавре баён мекунад, ки гӯё сулҳи тоҷикон танҳо заҳматҳои шахсии ӯ буд ва ҷониби дигар як гурӯҳи ҷинояткоре беш набуданд ва то ҳол бадхоҳӣ нисбати мухолифони ҳукуматаш, ки ҷониби дигари сулҳ буданд, идома дорад.
