Ҷасади раиси ВМКБ баъди ду ҳафтаи ҷустуҷӯ аз дарёи Панҷ пайдо шуд

Ҷасади Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ду ҳафта пеш бар асари суқути мошинаш ба дарёи Панҷ нопадид шуда буд, пайдо гардид.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи 30-уми июн бо нашри паёме хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷасад дар ҳудуди деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар рӯйи об мушоҳида шуда, аз дарё берун оварда шудааст.

Кумита мегӯяд, ҷасадро ба мақомоти дахлдор супориданд, то ҳувияти он маълум карда шавад. Пас аз ташхиси пурраи тиббӣ маълум гардида, ки он ҷасади Алишер Мирзонабот аст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷустуҷӯи ду нафари дигар – ҳамсари раиси вилоят Амина Амонуллоева ва духтари дусолаи ӯ Орифа Мирзонаботзода ҳанӯз идома дорад. Қаблан ҷасади ронандаи мошин Сино Муборакшоев ва ёвари раиси вилоят Садоншо Ҷанобалишо пайдо шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 17-уми июни соли ҷорӣ мошини хидматии Алишер Мирзонабот ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ дар километри 282-юми шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз, ба дарёи Панҷ сарозер шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби пешакии ҳодисаро суръати баланд ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда унвон кардааст. Мақомот мегӯянд, таҳқиқи ҳодиса идома дошта, таҳти назорати шахсии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Алишер Мирзонабот аз моҳи ноябри соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ буд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳир Душанбе ва раиси шаҳри Хоруғ фаъолият кардааст.

Пас аз марги ӯ, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муваққатан ба зиммаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.