Ҷалби садҳо миллион доллар грант барои татбиқи чанд лоиҳа дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон барои амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, идоракунии захираҳои об ва ислоҳоти иқтисодӣ аз Бонки ҷаҳонӣ садҳо миллион доллар грант мегирад. 

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Наҷӣ Бенҳассин ва роҳбари намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Гаэл Рабаллан созишномаҳои маблағгузорӣ дар шакли грантро барои чор лоиҳаи тозатасдиқшуда ба маблағи умумии 495,5 миллион доллар ба имзо расониданд. 

Гуфта мешавад, қисми асосии ин грантҳо, яъне 300 миллион доллар барои татбиқи марҳилаи дуюми сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва 100 миллион доллари дигар барои марҳилаи дуюми татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои рақамӣ, ҳавонавардӣ ва энержӣ равона мешаванд. Дар марҳилаи аввал барои сохтмони “Роғун” дар соли 2024 ин бонк ба Тоҷикистон 350 миллион доллар ҷудо карда буд.

Ҳамчунин барои татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи таҳкими идоракунии захираҳои об ва обёрӣ 75 миллион доллар ҷудо шудааст, ки ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, интизор меравад, лоиҳаи мазкур сифати хиlматрасониҳои обёриро беҳтар намуда, имкониятҳои иқтисодиро барои тақрибан 470 000 нафар деҳқонон ва сокинони деҳоти саросари кишвар васеъ созад.

Маблағгузории иловагии лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши таъминоти об ва беҳдошт 20,5 миллион долларро ташкил дода, аз он 14,64 миллион доллараш гранти Иттиҳоди Аврупо мебошад.

Мақомоти кишвар иддао доранд, ки ин лоиҳаҳо ва грантҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорӣ, навсозии зерсохтори муҳим ва хиlматрасониҳо, инчунин фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.

Коршиносони иқтисодӣ низ мегӯянд, ки ҷалби ҳаҷми зиёди маблағгузории грантӣ метавонад дар рушди соҳаҳои калидии Тоҷикистон — энергетика, хоҷагии об ва инфрасохтор нақши муҳим бозад. Аммо шарти муҳими ба даст овардани натиҷа аз ин лоиҳаҳо ва беҳбуди зиндагии аҳолӣ самаранокии идоракунӣ ва шаффофият дар татбиқи барномаҳо мебошад.  

Дар ҳоли ҳозир Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин манбаъҳои маблағгузорӣ барои кишварҳои рӯ ба рушд ба шумор рафта, айни замон Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) дар Тоҷикистон 25 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,93 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад. 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳоҷири корӣ дар рақобат бо роботу AI ва Чин

Агар суол гузошта шавад, ки бузургтарин хавфи иқтисодии Тоҷикистон кадом аст, посух на кам шудани тилло дар конҳост ва на қарзҳои афзояндаи хориҷӣ, балки тағйир ёфтани модели муҳоҷирати корӣ аст.

Боздошти се нафар бо гумони таҷовуз ба номуси як духтари ноболиғ

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми июл аз боздошти се ҷавон бо гумони содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба як духтари ноболиғ хабар доданд.

21 кушта ва 19 захмӣ: омори нигаронкунандаи садамаҳо дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон 21 нафар ҷон бохта, 19 нафари дигар захмӣ шудааст.

Аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд пурра анҷом ёфт

Мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра ба анҷом расидааст.