Чоршанбе Чоршанбиевро боз ШИЗО карданд

Мақомоти зиндонҳо варзишкор ва маҳбуси сиёсӣ Чоршанбе Чоршанбиевро, ки дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад, боз ба ШИЗО (утоқи танбеҳ) фиристодаанд.

Сомонаи “Pamir Inside”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пӯшиш медиҳад, дар истинод ба манобеаш аз дохили ин муассисаи ислоҳӣ навиштааст, ки Чоршанбиевро шоми 24-уми июни соли ҷорӣ аз саф барои “гап задан ва тартибро халалдор намудан”, берун бароварда, ба ШИЗО интиқол додаанд ва ӯ то 10-уми июл дар утоқи танбеҳ мемонад.

Аммо маҳбусоне, ки дар наздикии ӯ қарор доштанд, гуфтаанд, ки чунин қонуншиканӣ сурат нагирифтааст ва чунин фишор болои Чоршанбиев пайваста анҷом мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, кормандони муассиса дар суҳбатҳои хусусӣ гуфтаанд, ки дастур барои фишор овардан ба Чоршанберо “аз боло”, аз ҷумла аз Нуриддин Раҳмонов, корманди СРИҶҶ ва собиқ муоивни раиси ин раёсат мегиранд.

Номи Нуриддин Раҳмонов дар гузашта низ дар пайванд ба фишор, шиканҷа ва латукӯби маҳбуси сиёсии дигар Маҳмадалӣ Ҳаит расонаӣ шуда буд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, бо сабаби пайваста ҷой кардани Чоршанбиев дар ШИЗО вазъи саломатии ӯ бад шуда, сахт шамол хӯрдааст ва мушкили шушу дандон дорад.

Илова бар ин, “Pamir Inside” дар истинод ба манобеаш менависад, ки кормандони КДАМ мунтазам ба муассиса меоянд ва Чоршанбиевро барои суҳбатҳои пӯшида даъват мекунанд, ки муҳтавои ин суҳбатҳо маълум нест.

То ҳол мақомоти кишвар ва масъулони зиндонҳо сабаби ШИЗО кардани Чоршанбе Чоршанбиевро расман шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки варзишкори шинохта Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро дар моҳи майи соли ҷорӣ бо иттиҳоми сохтаи даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет ба 8,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дертар дар дохили зиндон ӯро ба қисми 2-и моддаи 332-и Кодекси ҷиноятии кишвар (Кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозанд) гунаҳкор карда, ба ҳукмаш боз чор соли дигар илова карданд ва ҳукми зиндони ӯ 12,5 сол шуд. Аммо худи ӯ ва наздиконаш ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.