Ташдид танишҳои низомӣ байни Амрико ва Эрон: Созишномаи оташбас бекор шуд?

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии исломии Эрон бо оғози даври нави ҳамлаҳои низомӣ боз ҳам шиддат гирифт. Дар шаби гузашта нерӯҳои амрикоӣ ва эронӣ ҳамлаҳои мутақобил анҷом дода, нигарониҳо аз густариши низоъ дар минтақа бештар шудаанд.

Фармондеҳии марказии артиши ИМА (CENTCOM) эълон кард, ки дар марҳилаи дуюми амалиёти худ тақрибан 90 ҳадафи низомӣ дар қаламрави Эронро мавриди ҳамла қарор додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафҳо системаҳои мудофиаи ҳавоӣ, марказҳои назорати соҳилӣ, анборҳои мушакӣ ва паҳподӣ, зерсохторҳои баҳрӣ ва дигар иншооти низомиро дар соҳилҳои ҷанубии Эрон дар бар гирифтаанд. Вашингтон мегӯяд, ҳадафи ин амалиёт коҳиш додани тавоноии Эрон барои таҳдид ба киштиҳои тиҷоратӣ дар тангаи Ҳурмуз мебошад.

Ҳамзамон расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо якчанд минтақа, аз ҷумла дар вилояти Гулистон, ҳадаф қарор гирифта, ба як пули роҳи оҳан осеб расидааст. Ҳамчунин дар бархе аз шаҳрҳо қатъи нерӯи барқ ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои мақомоти тандурустии Эрон, дар ҳамлаҳои ду рӯзи охир дастикам 14 нафар кушта ва 78 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар посух, Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ аз ҳамла ба пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Кувайт ва Қатар хабар дод. Ба иттилои мақомоти ин кишварҳо, пас аз ҳамлаҳо бонги хатар ба садо даромада, системаҳои мудофиаи ҳавоӣ барои раҳгирии мушакҳо ва паҳподҳо фаъол шуданд. Дар Манома, пойтахти Баҳрайн, сокинон аз шунидани садои чанд таркиш хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки тафоҳумномаи муваққатии миёни Вашингтон ва Теҳрон дигар амал намекунад ва ҳушдор дод, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Эрон, амалиёти нави низомӣ анҷом дода мешавад. Аз ҷониби дигар, мақомоти Эрон низ таъкид карданд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Амрико, посухҳои онҳо низ идома хоҳанд ёфт.

Шиддат гирифтани даргириҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ низ таъсир расонд. Нархи ҷаҳонии нафт боло рафта, бархе ширкатҳои киштиронӣ ҳаракати киштиҳои худро дар тангаи Ҳурмуз маҳдуд ё масири онҳоро тағйир додаанд. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи ин танишҳо метавонад ба амнияти минтақа ва таъмини бозорҳои ҷаҳонии энержӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.

Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.