“Тоҷик Эйр” дар интизори бозгашт ба парвозҳои байналмилалӣ аст

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки барои азсаргирии парвозҳои байналмилалӣ омодагӣ мебинад ва ҳоло мунтазири қарори Шӯрои нозирон ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ворид кардани ду ҳавопаймои нави навъи Airbus мебошад.

Раиси ширкат Парвиз Шодмонзода рӯзи 8-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки тайи шаш моҳи охир бо шарикони хориҷӣ барои роҳандозии парвозҳои байналмилалӣ гуфтушунид идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, пас аз тасдиқи қарор, ду ҳавопаймо аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид карда мешаванд.

Шодмонзода ҳамчунин хабар дод, ки ширкат қарзи 36,6 миллион долларии худро дар назди ширкати литвонии “Skyroad Leasing” пурра пардохт кардааст. Дар натиҷа, ҳавопаймое, ки аз соли 2019 дар Фурудгоҳи Внуковои Маскав бо сабаби баҳси молиявӣ боздошт шуда буд, аз ҳабс озод гардид ва дигар монеаи ҳуқуқӣ барои анҷоми парвозҳои байналмилалӣ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймои Boeing 737-300 ҳанӯз ба Тоҷикистон баргардонида нашудааст, зеро ду муҳаррики он аз кор монда, барои парвоз ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад.

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” тақрибан ҳафт сол боз бо сабаби мушкилоти молиявӣ аз анҷоми парвозҳои байналмилалӣ бозмондааст.

Пас аз таъсиси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар соли 2008, мавқеи “Тоҷик Эйр” дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон тадриҷан заиф шуд. Бо гузашти вақт, ин ширкат қисми зиёди хатсайрҳои байналмилалӣ ва ҳиссаи бозори худро аз даст дода, амалан аз рақобат бо ширкати хусусии “Сомон Эйр” канор монд. Акнун роҳбарияти “Тоҷик Эйр” умедвор аст, ки бо навсозии парк ва барқарор шудани парвозҳои байналмилалӣ, ширкат дубора ҷойгоҳи худро дар бозори ҳавонавардии кишвар барқарор хоҳад кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Нигаронии наздикони Саидумар Ҳусайнӣ аз вазъи саломатии ӯ дар зиндон

Писари Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси Наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии падараш дар зиндон хуб нест.

Ҷавони беморро ба артиш бурданд. Падар ба мақомот шикоят кард

Як сокини шаҳри Истаравшан аз мақомоти Тоҷикистон дархост карда, ки писари 25-солааш Дӯстмурод Маъруфовро бо сабаби беморӣ аз адои хидмати ҳарбӣ ҷавоб диҳанд.

Ташдид танишҳои низомӣ байни Амрико ва Эрон: Созишномаи оташбас бекор шуд?

Таниш миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оғози даври нави ҳамлаҳои низомӣ боз ҳам шиддат гирифт.

Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ парвандаи шикоят алайҳи Тоҷикистонро баст

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз қарори Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ барои қатъи баррасии шикоят алайҳи Тоҷикистон интиқод кард.