Селҳои шадид дар Тоҷикистон

Тайи ду рӯзи охир дар чанд минтақаи Тоҷикистон селҳои шадид ҷорӣ шуда, ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо ва заминҳои кишоварзии сокинон хисороти зиёд расонидааст.

Рӯзи 11-уми июл дар деҳаи Метки ноҳияи Деваштич низ сел фурӯд омад. Ба гуфтаи сокинон, бар асари ин офати табиӣ роҳҳо, симчӯбҳои барқ ва боғҳои чандин сокин зарар дидаанд. Ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое нашр шудаанд, ки нишон медиҳанд ҷараёни пуриқтидори сел чанд мошинро низ бо худ бурдааст.

Ҳамзамон, дар ноҳияи Айнӣ деҳаи Дарғ низ сел боиси хароб шудани чанд манзили истиқоматӣ, роҳҳо ва боғҳои сокинон гардидааст. То кунун мақомоти расмӣ ҳаҷми дақиқи хисороти расидаро эълон накардаанд. Худи сокинон ин ҳаҷми хисоротро 5-6 миллион доллар тахмин мезананд.

Бинобар кишвари кӯҳистонӣ будан, Тоҷикистон, ҳамасола офатҳои табиӣ, аз ҷумла боронҳои шадид, селхезӣ, фаромадани ярч ва ва ғайраро таҷриба мекунад. Коршиносон мегӯянд, тағйирёбии иқлим ва гармшавии беш аз ҳадди ҳаво боиси афзоиши хатари обхезиҳо ва селҳои харобиовар мегардад. Ҳар сол офатҳои табиӣ ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ зарар расонида, ба инфрасохтор, манзилҳои истиқоматӣ ва заминҳои кишоварзӣ хисороти ҷиддӣ ворид мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мақомоти Тоҷикистон дигар омори интиқоли тобутҳоро аз хориҷ нашр намекунанд

Мақомоти Тоҷикистон аз эълони омори интиқоли ҷасади шаҳрвандони кишвар...

Боздошт барои изофанависии 384 ҳазор сомонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти муҳосиби шуъбаи фурӯши...

Нимфинали Ҷоми ҷаҳонии 2026: Аргентина бо Англия, Фаронса бо Испания рақобат мекунад

Марҳилаи чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 ба анҷом...

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.