Нимфинали Ҷоми ҷаҳонии 2026: Аргентина бо Англия, Фаронса бо Испания рақобат мекунад

Марҳилаи чорякфинали Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 ба анҷом расид ва чор дастаи роҳёфта ба нимфинал маълум шуданд. Фаронса, Испания, Англия ва қаҳрамони феълии ҷаҳон — Аргентина барои роҳхат ба финал мубориза мебаранд.

Дар нахустин бозии чорякфинал мунтахаби Фаронса бо ҳисоби 2:0 бар тими Марокаш пирӯз шуд. Дар бозии дигар Испания бо ҳисоби 2:1 аз Белгия пеш гузашт ва ба нимфинал роҳ ёфт.

Вохӯрии Англия ва Норвегия аз пуршиддаттарин рақобатҳои ин марҳила буд. Норвегия дар нимаи аввал ҳисобро боз кард, аммо Ҷуд Беллингҳом бозиро ба мусовӣ кашид ва сипас дар вақти изофӣ голи ғалабаро ба самар расонд. Бо ин натиҷа, шогирдони Томас Тухел бо ҳисоби 2:1 ба нимфинал роҳ ёфтанд.

Дар охирин бозии чорякфинал Аргентина бо Швейтсария рақобат кард. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ Хулиан Алварес бо як зарбаи дақиқ голи ҳалкунандаро ба самар расонд ва Аргентина бо пирӯзии 2:1 роҳхати нимфиналро соҳиб шуд.

Ҳамин тариқ, дар марҳилаи нимфинал 14-уми июл мунтахаби Фаронса дар шаҳри Даллас бо Испания рақобат мекунад. Як рӯз баъд, 15-уми июл, Аргентина дар шаҳри Атланта бо Англия барои роҳхат ба финали Ҷоми ҷаҳон ба майдон мебарояд.

Бо анҷоми марҳилаи чорякфинал ҳар се кишвари мизбони мусобиқа — Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Мексика — аллакай аз идомаи рақобатҳо маҳрум шудаанд. Акнун мубориза барои унвони қаҳрамонӣ миёни чаҳор дастаи пурқуввати ҷаҳон идома хоҳад ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мақомоти Тоҷикистон дигар омори интиқоли тобутҳоро аз хориҷ нашр намекунанд

Мақомоти Тоҷикистон аз эълони омори интиқоли ҷасади шаҳрвандони кишвар...

Боздошт барои изофанависии 384 ҳазор сомонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти муҳосиби шуъбаи фурӯши...

Селҳои шадид дар Тоҷикистон

Тайи ду рӯзи охир дар чанд минтақаи Тоҷикистон селҳои...

На исломӣ ва на демократӣ: Сиёсати паёмрасонии Душанбеву Теҳрон дар ҷанозаи Хоманаӣ

Баргузории ҷаноза дар рӯзи ҷашни 250-солагии истиқлоли Амрико низ ба чолиш кашидани ин кишвар ҳади ақал дар ҷанги иттилоъотӣ буд.