Боздошт барои изофанависии 384 ҳазор сомонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти муҳосиби шуъбаи фурӯши шабакаҳои барқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хабар дод. Ба иттилои мақомот, ӯ ба ворид кардани маълумоти бардурӯғ ба барномаи биллинг ва изофанависии маблағҳо дар суратҳисобҳои як қатор муассисаҳои давлатӣ гумонбар мешавад.

Тибқи иттилои ВКД, гумонбар дар давраи фаъолияташ бо истифода аз барномаи биллинг ба суратҳисобҳои мактабҳои таҳсилоти миёна, беморхонаи марказии ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти бардурӯғ ворид карда, беш аз 384 ҳазор сомонӣ маблағро ғайриқонунӣ ба қайд гирифтааст.

Назари худи боздоштшуда ё вакили дифои ӯ то ҳол дастрас нест.

Ин қазия дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об чанде пеш эълон кард, қарзи аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ ба 1,1 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳамчунин, аз ҷумлаи қарздорони бузург Ширкати алюминийи тоҷик (ТАЛКО), Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ, корхонаҳои обу корез ва як қатор муассисаҳои буҷетӣ низ номбар шудаанд.

Қазияи изофанависии маблағи барқ солҳои охир борҳо аз ҷониби сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шудааст. Бархе шаҳрвандон мегӯянд, дар сурати сари вақт напардохтани ҳаққи истифодаи барқ, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳояшон фавран қатъ мешавад, аммо ҳамзамон намедонанд қарзҳои бузурге, ки ҳамасола дар омори расмӣ эълон мешаванд, аз куҷо пайдо мегарданд.

Бархе коршиносон низ мегӯянд, омори расмии қарздории соҳаи барқ ба шарҳи бештар ниёз дорад ва таъкид мекунанд, ки то замоне шаффофияти пурраи ҳисоббаробаркунӣ таъмин нашавад, чунин рақамҳо метавонанд боиси суолу шубҳаи ҷомеа гарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.