Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон
Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 рушди чашмрасе нишон медиҳад. Натиҷаҳои расмии нимсолаи аввал нишом медиҳанд, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,1% афзоиш ёфтааст. Мақомот мегӯянд ин бахш ба локомотиви асосии рушди умумии иқтисодӣ табдил ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, коршиносон ба ин иддаъо бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд дар Тоҷикистон изофанависӣ дар омор, бахусус оморҳои моҳонаву семоҳа зиёд мушоҳида шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ мекунад, ки рушди ниҳоии ММД-и Тоҷикистон дар соли 2026 дар сатҳи 7,3% хоҳад буд. Тибқи омор, дар семоҳаи аввал иқтисод рушди 8-дарсадӣ нишон медод.
Ҳамзамон, омор аз афзоиши тақрибан 20%-ии музди миёнаи меҳнат гузориш медиҳанд. Мувофиқи маълумоти охирини оморӣ, то тобистони соли 2026 музди миёнаи номиналии меҳнат дар Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта тақрибан 20% (19,8%) афзоиш ёфта, ба 3194,45 сомонӣ (ҳудуди 345 доллари ИМА) расид. Дар ин миён, вилояти Суғд ҳамчун минтақаи дорои баландтарин музди меҳнат дар кишвар сабт шудааст.
Тоҷикистон аз ҳамони истиқлол то имрӯз дар омори иқтисодӣ ҳамеша дар поёнтарин зина байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ қарор дорад ва ҳаргиз он зинаро ба касе вонагузоштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.