То 46 дараҷа гармӣ ва хатари сел: Тоҷикистон аз мавҷи гармо ҳушдор дод

Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз сокинон ҳушдор додааст, ки аз 15 то 18 июл дар аксари минтақаҳои кишвар ҳарорати ҳаво ба таври назаррас боло меравад ва дар баъзе ноҳияҳо то 46 дараҷа хоҳад расид.

Тибқи пешгӯии синоптикҳо, дар ноҳияҳои водии ҷумҳурӣ ҳарорати рӯзона аз +41 то +46 дараҷа пешбинӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ ҳарорат ба +33 то +38 дараҷа мерасад. Дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво то +39–41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Мутахассисон мегӯянд, ки дар баробари гармии шадид, хатари рух додани падидаҳои табиӣ низ зиёд мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ эҳтимоли фаромадани селҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо вуҷуд дорад. Ҳамзамон, боло рафтани сатҳи об дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш низ пешбинӣ мешавад.

Пизишкон ва мутахассисони соҳаи тандурустӣ тавсия медиҳанд, ки шаҳрвандон дар соатҳои аз ҳама гарм аз будубоши тӯлонӣ дар зери офтоб худдорӣ кунанд, бештар об нӯшанд ва ба саломатии кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин диққати махсус диҳанд. Ҳарорати баланд метавонад хатари гармозадагӣ, камобшавии организм ва авҷ гирифтани баъзе бемориҳоро зиёд кунад.

Мавҷи гармо танҳо ба Тоҷикистон маҳдуд нест. Дар ҳафтаҳои охир чанд кишвари Аврупо низ бо ҳарорати ғайримуқаррарӣ рӯбарӯ шудаанд. Дар баъзе минтақаҳои Испания, Италия, Юнон ва Фаронса гармии шадид боиси сар задани сӯхторҳои ҷангал, хушксолӣ ва таҳдид ба саломатии аҳолӣ гардидааст. Коршиносон афзоиши чунин мавҷҳои гармо дар солҳои охирро яке аз паёмадҳои тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.