Аргентина бо пирӯзӣ бар Англия ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2026 роҳ ёфт

Дар дуюмин бозии нимфиналии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 мунтахаби Аргентина бо ҳисоби 2:1 бар тими Англия пирӯз шуда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи Mercedes-Benz дар шаҳри Атлантаи ИМА баргузор гардид.

Нимаи аввали бозӣ бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳарду даста бидуни гол анҷом ёфт. Дар оғози қисми дуюм Англия тавассути Энтони Гордон ҳисобро боз кард ва то дақиқаҳои охири бозӣ пешсаф буд.

Бо вуҷуди ин, Аргентина дар лаҳзаҳои ҳалкунанда тавонист ҷараёни бозиро ба нафъи худ тағйир диҳад. Дар дақиқаи 85-ум Энсо Фернандес бо як зарбаи дақиқ аз беруни ҷарима ҳисобро баробар кард. Сипас, дар дақиқаҳои иловагӣ Лаутаро Мартинес пас аз ирсоли тӯби Лионел Месси бо зарбаи сар голи ғалабаро ба самар расонд ва Аргентинаро ба финал баровард.

Лионел Месси, ки 39 сол дорад, дар ҳар ду голи дастааш нақши калидӣ бозид. Ӯ бо ин бозӣ шумораи пасҳои головарашро дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми ҷаҳон ба 10 расонд, ки тибқи омор, дар шаш даҳаи охир беҳтарин натиҷа ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин Месси аз соли 2022 инҷониб дар 11 бозии пайдарпайи Ҷоми ҷаҳон ҳадди ақал дар як гол бо голзанӣ ё паси головар саҳм гузоштааст.

Пас аз анҷоми бозӣ, сармураббии Аргентина Лионел Скалони гуфт, ки шогирдонаш дар вазъиятҳои душвор беҳтарин бозии худро нишон медиҳанд. Дар навбати худ, сармураббии Англия Томас Тухел изҳор дошт, ки дастааш баъди ба даст овардани бартарӣ аз ҳад эҳтиёткор бозӣ кард ва натавонист натиҷаро нигоҳ дорад.

Ин пирӯзӣ Аргентинаро, ки қаҳрамони феълии ҷаҳон аст, ба финали навбатӣ расонд. Акнун мунтахаби Аргентина рӯзи 19 июл дар варзишгоҳи MetLife дар Ню-Ҷерсӣ барои унвони қаҳрамонӣ бо тими Испания, ки дар нимфинали аввал Фаронсаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд, рақобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол, тимҳои Англия ва Фаронса рӯзи шанбе дар бозӣ барои ҷойи сеюм ба майдон хоҳанд баромад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷосусӣ тавассути реклама: дастгоҳҳои “Ал-Ҷазира” ҳадаф қарор гирифтанд

Пажӯҳишгоҳи Citizen Lab ошкор кардааст, ки рекламаҳои интернетӣ барои олуда кардани дастгоҳҳои кормандони “Ал-Ҷазира” ба ҷосусафзор истифода шудаанд.

Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, "сиҳату саломат" пайдо шудааст.

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.