Мақомот: Муҳоҷирати корӣ 1,7 дарсад коҳиш ёфт, аммо шумораи расмии бекорон афзуд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2026 муҳоҷирати кории шаҳрвандони кишвар ба хориҷ 1,7 дарсад коҳиш ёфтааст, аммо ҳамзамон шумораи расмии бекорон дар дохили кишвар афзоиш ёфтааст.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ гуфт, муҳоҷирати кории тоҷикон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад кам шудааст. Бо вуҷуди ин, ӯ аз ифшои шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ худдорӣ карда, гуфт, ки ин маълумотро бояд аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дархост кард.

Дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи сабаби нашр нашудани омори муҳоҷирон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, чунин маълумот метавонад аз ҷониби бархе расонаҳо ва таҳлилгарон нодуруст шарҳ дода шавад.

Ин дар ҳолест, ки намояндагони Вазорати меҳнат низ чанде пеш аз ифшои шумораи муҳоҷирон худдорӣ карда буданд. Аз аввали соли 2025 мақомоти Тоҷикистон омори муҳоҷирати меҳнатиро дигар мунтазам нашр намекунанд ва қаблан низ эълон шуда буд, ки ин маълумот ба гурӯҳи маълумоти маҳдуд дохил карда шудааст.

Ҳамзамон, Оҷонси омор хабар дод, ки то моҳи майи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳазор нафар расман ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад бештар мебошад. Аз ин шумора 27 ҳазор нафар, ё тақрибан 47 дарсад, занон мебошанд.

Ба гуфтаи мақомот, шумораи расмии бекорон танҳо ду дарсади аҳолии қобили меҳнатро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди он ки мақомоти Тоҷикистон аз коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ хабар медиҳанд, онҳо ҳамоно омори умумии муҳоҷиронро нашр намекунанд. Аз аввали соли 2025 ин маълумот дигар дастраси умум нест ва мақомот сабаби маҳдуд кардани онро расман шарҳ надодаанд.

Ҳамзамон, дар солҳои охир муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо сахттар шудани қонунҳои муҳоҷират, тафтишҳои зиёд ва маҳдудиятҳои нав рӯ ба рӯ шудаанд. Дар ҳамин ҳол, моҳи майи соли ҷорӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев гуфта буд, ки ҳоло дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бидузд, мансабдор, ҳар қадар метавонӣ бидузд!

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо судури ҳукми раиси...

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон: чангу ғубор, шамолҳои сахт ва хатари сел дар чанд минтақаи кишвар

Оҷонси обуҳавошиносии Тоҷикистон аз бадшавии вазъи обуҳаво дар рӯзҳои...

“Дулан”-ҳои “соҳибдор” ва сокинони рӯ ба раҳми Худо

Марги чанд нафар дар асари як садама бинобар нуқси фаннӣ (техникӣ) фоҷеъаи табиӣ нест ва дар дилхоҳ кишвари мардумсолор зилзила бармеангезад.