Вазири адлия дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш, ки имрӯз, 21-уми июл, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз додани посухи мушаххас дар бораи шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ – Муҳаммадалии Ҳаит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ, худдорӣ кард.
Дар ҷараёни нишаст рӯзноманигорон аз вазири адлия Музаффар Ашуриён дар бораи шароити нигаҳдории маҳбусон дар зиндонҳои кишвар суол карданд. Аммо ӯ ба ҷойи посухҳои рӯшан ва мушаххас, мисли ҳамеша, ба изҳороти умумӣ иктифо намуда, аз ҷавоб додан ба масъалаҳои асосӣ худдорӣ кард ва ё посуха равшан надод.
Яке аз суолҳо ба шикоятҳои наздикони маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, марбут буд. Ба гуфтаи пайвандони онҳо, ин ду маҳбуси сисёсӣ аз фишор, шиканҷа ва шароити номусоиди маҳбас ранҷ мекашанд.
Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Музаффар Ашуриён пурсид, ки ин ду маҳбуси сиёсӣ, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудаанд, дар чӣ шароит нигоҳ дошта мешаванд ва оё хабари шиканҷа шудани онҳо аз ҷониби вазорат мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст ё не.
Вазир, бидуни зикри номи ягон маҳбус ва бидуни рад ё тасдиқи шиканҷа шудани онҳо, гуфт, ки баррасии чунин масъалаҳо ба салоҳияти мақомоти прокуратура дохил мешавад. Ба гуфтаи ӯ, “агар ягон маҳкумшуда аз ҷониби кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ) мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона қарор гирифта бошад, ин масъала аз ҷониби мақомоти прокуратура баррасӣ мешавад”. Ӯ таъкид кард, ки агар шикоят ё муроҷиате ворид шуда бошад, он ҳатман мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ашуриён инчунин, бидуни зикри номи ягон маҳбус, иддао кард, ки вобаста ба вазъи саломатии маҳкумшудагон СРИҶҶ имкониятҳои тиббии худро дорад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати зарурат аз берун низ табибони мутахассис ҷалб мешаванд ва муолиҷаи маҳкумшудагон тибқи тавсияи онҳо ба роҳ монда мешавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки шахсоне, ки рӯзноманигор ном бурд, агар муроҷиат карда бошанд, вобаста ба вазъи саломатиашон посух гирифтаанд.
Вазир инчунин иддао кард, ки ҳамаи маҳбусоне, ки ба бемориҳои музмин гирифторанд, пайваста таҳти назорати СРИҶҶ қарор дошта, бо доруҳои зарурӣ таъмин мешаванд. Дар ҳамин ҳол, пайвандони маҳбусон борҳо гуфтаанд, ки дорувории лозимаро худашон харидорӣ карда, ба маҳбас мерасонанд.
Ҳамчунин хабарнигор аз вазир пурсид, ки Гулбибӣ Ҳаитова, ки аз шиканҷа шудани бародараш Маҳмадалӣ Ҳаит хабар дода буд, барои кадом амал бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Вазир ба ин суол низ посухи мушаххас надод ва нагуфт, ки Гулбибӣ Ҳаитова кадом тартиботро вайрон кардааст. Ӯ танҳо изҳор дошт, ки ҳар як шаҳрванд, новобаста аз он ки муроҷиаткунанда аст ё не, бояд тартиботи ҷамъиятиро риоя кунад. Ба гуфтаи ӯ, агар чунин тартибот вайрон шуда бошад, санади дахлдор тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти салоҳиятдор ирсол мешавад. Ашуриён инчунин таъкид кард, ки агар вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дағалона бошад, он метавонад ҷиноят ҳисобида шавад. Ӯ ба рӯзноманигорон гуфт, ки мақомоти масъули баррасӣ ба ин масъала посух хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки пайвандони маҳбуси сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар аввали моҳи июн, баъд аз мулоқот бо ӯ, аз шиканҷа шуданаш хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, «ӯро бараҳна дар болои барф нигоҳ дошта, бо дубинка мезананд. Сипас ӯро дар об нигоҳ медоранд ва баъдан ба утоқи ҷазоӣ меандозанд.»
Наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит ҳамчунин гуфтаанд, ки ӯ қаблан низ мавриди латукӯб қарор гирифта, сараш кафида ва пардаи гӯшаш осеб дидааст. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони маҳбас ҳангоми санҷишҳои ҳаррӯза ӯро таҳқир карда, бо ӯ муносибати бад мекунанд.
Пас аз ин ҳодиса хоҳари ӯ, Гулбибӣ Ҳаитова, гӯё барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 546 сомонӣ ҷарима шуда буд.
Баъдтар пайвандони Сайидумар Ҳусайнӣ низ аз идомаи фишор болои ин маҳбуси сиёсӣ ва бад шудани вазъи саломатии ӯ дар маҳбас хабар доданд.
Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаит, муовинони раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, соли 2016 дар мурофиаи пушти дарҳои баста ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор донистаанд. Аммо пайвандон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо ҳамаи ин иттиҳомҳоро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздошти худсарона низ боздошти Сайидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳаитро ғайриқонунӣ арзёбӣ карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки онҳоро бидуни ҳеҷ қайду шарт фавран озод намояд. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон дар посух гуфта буданд, ки гуноҳи Маҳмадалӣ Ҳаит ва дигар маҳкумшудагон исбот шудааст ва онҳоро озод нахоҳанд кард.
