Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои мақомоти пулиси шаҳр, гумонбарон ошёнаи дуюми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба унвони маркази дилхушӣ (караоке) ба иҷора гирифта, онро барои ташкили фоҳишахона истифода мебурдаанд. Ба гуфтаи пулис, онҳо ҳамчунин чанд занони хориҷиро барои анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ ҷалб карда буданд.
Мақомот нисбати гумонбарон бо иттиҳоми “ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, барои ин ҷиноят ҷарима ё то ҳашт соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон нисбати заноне, ки ба гуфтаи пулис ба фоҳишагӣ машғул будаанд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, қарор аст онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ шаванд. Пулис шумораи боздоштшудагон ва шаҳрвандии онҳоро расман эълон накардааст.
Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар медиҳанд. Қаблан низ дар бораи боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо чунин иттиҳом дар Душанбе гузоришҳо нашр шуда буданд.
