Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд.
Бар асоси тағйироти нав, барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) талаботи иловагӣ ҷорӣ шуда, ҳамчунин рӯйхати ҳолатҳое, ки метавонанд боиси ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия шаванд, қариб ду баробар зиёд гардид.
Тибқи қонунҳои нав, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доғи судӣ доранд, новобаста аз вазнинии ҷинояти содиркардаашон аз гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомати доимӣ маҳрум карда мешаванд.
Ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони хориҷии аз 14-сола боло уҳдадоранд ба Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотнома дар бораи надоштани доғи судиро аз кишвари шаҳрвандӣ ё маҳалли истиқомати доимии худ пешниҳод кунанд. Ин маълумотнома бояд на бештар аз се моҳ пеш аз супоридани дархост барои РВП ё ВНЖ дода шуда бошад. Агар шахс доғи судӣ дошта бошад, ӯ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онро низ пешниҳод намояд.
Ин талабот ба кӯдакони то 14-сола, паноҳандагони расман эътирофшуда, шахсоне, ки паноҳандагии сиёсӣ ё муваққатӣ гирифтаанд, шаҳрвандони хориҷие, ки бо шартнома дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунанд ё дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок доштаанд, инчунин онҳое, ки қаблан чунин маълумотномаро пешниҳод кардаанд, татбиқ намешавад.
Ба назари коршиносон, истисно кардани шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Русия қарордоди хидмати низомӣ бастаанд ё дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд, метавонад ба ҳадафи ҷалби шумораи бештари хориҷиён ва ташвиқи онҳо ба хидмати низомӣ ва сафарбар намудан ба ҷанги Украина рабт дошта бошад.
Илова бар ин, Владимир Путин қонуни дигареро низ имзо кард, ки рӯйхати асосҳои ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ба таври назаррас васеъ мекунад. Агар то ҳол чунин ҷазо танҳо тибқи 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия татбиқ мешуд, пас баъди мавриди амал қарор гирифтани тағйирот шумораи онҳо ба 45 модда мерасад.
Аз ҷумла, иштирок дар гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, амалҳое, ки қонунгузории Русия онҳоро ҳамчун “бадном кардан”-и Қувваҳои мусаллаҳи Русия арзёбӣ мекунад, даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ва шаҳрвандони он, инчунин изҳороте, ки мақомоти Русия онҳоро нақзи тамомияти арзии кишвар меҳисобанд, метавонанд барои шаҳрвандони хориҷӣ боиси ихроҷ гарданд.
Ҳамчунин хориҷиён метавонанд барои вайрон кардани талаботи низоми вазъияти фавқулода, амалиёти зиддитеррористӣ ё вазъи ҳарбӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои мамнуъ, монеъ шудан ба ҳаракати нақлиёт, итоат накардан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, майдаавбошӣ, табъиз ва баъзе қонуншиканиҳо ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, таҳқири рамзҳои динӣ, барангехтани кинаву адоват, тарғиби рамзҳои экстремистӣ, таҳия ва паҳн кардани маводи экстремистӣ, паҳн намудани даъватҳо ба терроризм тавассути хидматрасониҳои аудиовизуалӣ ва инчунин сӯиистифода аз озодии воситаҳои ахбори омма дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории кишвар низ аз Русия ихроҷ шаванд.
Сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи коршиносон иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори кор амиқтар созанд.
