Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва мақомоти корҳои дохилӣ аксияеро таҳти унвони “Либоси миллӣ – муаррифгари миллат” баргузор карданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи ин чорабинӣ пешгирӣ аз паҳншавии он чизе аст, ки мақомот онро “фарҳанги бегона” меноманд, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташвиқи пӯшидани либоси миллӣ миёни занону духтарон мебошад.
Дар аксҳои нашркардаи масъулон дида мешавад, ки намояндагони ҳукумат ва кормандони пулис дар маркази шаҳр бо занону духтарони ҳиҷобпӯш суҳбат анҷом медиҳанд. Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар ин суҳбатҳо ба шаҳрвандон чӣ тавсия дода шудааст ва бо ё чанд нафар чунин суғбатҳо гузарониданд.
Дар иттилоияи расмӣ таъкид шудааст, ки либоси миллӣ бахше аз фарҳанг ва таърихи тоҷикон буда, ҳифзи он барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Дар идомаи изҳорот ҳамчунин омадааст, ки бояд аз воридшавии либосҳои ба гуфтаи онҳо “динӣ”, ки бо урфу одатҳои миллӣ мувофиқат намекунанд, пешгирӣ карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи июни соли 2024 дар Тоҷикистон воридот, фурӯш, пӯшидан ва таблиғи либосе, ки мақомот онро “ба фарҳанги миллӣ бегона” меноманд, тибқи қонун манъ гардидааст ва барои риоя накардани он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Аммо ба гуфтаи сокинон, мақомот ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо бештар занони мусалмони ҳиҷобдор ва мардон, хусусан ҷавонони ришдорро мавриди ҳадаф қарор дода, шакли зоҳирии онҳоро ҳамчун намунаҳои “либоси бегона” ё “фарҳанги бегона” муаррифӣ мекунанд.
Тоҷикистон кишвари аксаран мусулмоннишин аст, ки тибқи оморҳои расмӣ беш аз 90 дарсадаш мусалмони суннӣ ҳастанд. Чунин иқдомҳои мақомот солҳои охир пайваста баҳсбарангез буда, дар байни диндорон норозигӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои густардаро ба вуҷуд меоранд.
Суоли аксар сокинон низ ҳамин аст, ки дар чунин чорабиниҳои мақомот танҳо мардони ришдору диндор ва занони ҳиҷобпӯши мусалмон мавриди ҳамла қарор мегиранд, дар муқобил ҷавонони зиёде дар кӯчаҳои пойтахт дида мешавад, ки шакли зоҳирияшон ба фарҳангу миллати тоҷик ҳеч наздикӣ надорад, вале мақомот ба онҳо коре надоранд.
