Русия истифодаи замимаи мобилии “Амина”-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.
Бино ба иттилои мақомоти расмии Русия, аз моҳи сентябри соли 2026 шаҳрвандони хориҷии болиғ, ки бидуни раводид ба вилояти Маскав меоянд, бояд тавассути ин барнома маълумоти худро сабтином кунанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони кишварро аз тағйироти нав дар қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар вилояти Маскав огоҳ кардааст.
Ба иттилои намояндагӣ, агар қаблан замимаи “Амина” танҳо барои муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав дар шакли таҷрибавӣ истифода мешуд, аз 1-уми сентябри соли 2026 истифодаи он барои дигар гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳатмӣ мегардад.
Тибқи талаботи нав, шаҳрвандони хориҷии болиғ, ки аз кишварҳои бидуни раводид ба вилояти Маскав меоянд, бояд дар ин замима сабтином шаванд. Ба ин гурӯҳ, аз ҷумла, донишҷӯёни хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Маскав таҳсил мекунанд, дохил мешаванд.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳадафи асосии барномаи “Амина” беҳтар кардани назорати муҳоҷират, рақамӣ кардани сабти будубош ва пешгирии қонуншиканиҳо мебошад. Тавассути ин барнома маълумот дар бораи ҷойи истиқомат ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти дахлдор дастрас мешавад.
Аммо баъзе коршиносон ва намояндагони ҷомеаи муҳоҷирон нисбат ба ин низом нигаронӣ доранд. Ба гуфтаи онҳо, ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ва назорати ҷойгиршавии муҳоҷирон метавонад ба афзоиши фишор нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ оварда расонад.
Қаблан низ муҳоҷирон аз мушкилоти техникӣ ҳангоми истифодаи “Амина” ва мушкили сабтином дар барнома шикоят карда буданд.
Дар солҳои охир Русия қоидаҳои муҳоҷиратиро сахттар карда, ҳар замон талаботи наверо барои назорати шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мекунад. Ҷорӣ шудани “Амина” як қисми сиёсати нави назорати рақамии муҳоҷирон дар ин кишвар ба ҳисоб меравад.
