Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.

Нашрияи русии “Ведомости” мегӯяд, сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия ва афзоиши санҷишҳо аз сабабҳои асосии ин коҳиш мебошанд. Нашрияи мазкур бо истинод ба омори Хадамоти марзбонии Русия хабар додааст, ки аз моҳи январ то июни соли ҷорӣ 494 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд. Ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 18 дарсад камтар аст.

Ба навиштаи ин расона, коҳиши муҳоҷирати корӣ танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Дар ҳамин давра шумори шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон, ки барои кор ба Русия рафтаанд, низ коҳиш ёфта, дар маҷмуъ муҳоҷирати корӣ аз ин се кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан 15 дарсад кам шудааст.

“Ведомости” менависад, ки коҳиши шумори муҳоҷирон ба сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия, рейдҳои густурдаи пулис ва афзоиши маҳдудиятҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ вобаста аст.

Пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар моҳи марти соли 2024, ки чанд шаҳрванди Тоҷикистон ба даст доштан дар он муттаҳам шуданд, мақомоти Русия назорат рӯи муҳоҷиронро шадидтар карданд. Аз он замон то имрӯз қонунҳои нави зидди муҳоҷиратӣ қабул шуда, талабот барои муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳо сахттар гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз аввали соли 2025 нашри омори пурраи муҳоҷирати кориро қатъ карданд. Раиси Агентии омори Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки ин маълумот ба гурӯҳи маълумоти маҳдуд шомил шудааст. Бо вуҷуди ин, моҳи июли имсол ӯ изҳор дошт, ки муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 1,7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тибқи омори расмии қаблан нашршуда, соли 2025 беш аз 702 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷ, асосан ба Русия, сафар кардаанд. Ин рақам нисбат ба соли 2024 тақрибан 100 ҳазор нафар камтар будааст.

Ҳамзамон, сафири Русия дар Тоҷикистон Семен Григорев моҳи майи соли ҷорӣ гуфта буд, ки айни замон дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бо сахттар шудани шароити будубош ва кор дар Русия, шумори бештари муҳоҷирони тоҷик барои пайдо кардани ҷойи кор ба кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ рӯ меоранд.

Муҳоҷирати корӣ ҳамоно яке аз омилҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бо вуҷуди он ки мақомоти кишвар омори интиқоли маблағҳои муҳоҷиронро мунтазам нашр намекунанд, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, таъкид мекунанд, ки маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон яке аз манбаъҳои асосии таъмини зиндагии садҳо ҳазор хонавода дар Тоҷикистон аст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми зиёд боздошт шуд.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон: Ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.