Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома дорад ва дар ҳоли ҳозир беш аз 20 дарсади амборҳои ин абарширкат ба коми оташ рафтаанд. Албатта дигар шояд Wildberries бузургтарин бозоргоҳ нест ва агар ҳанӯз ҳам ҳаст, ба зудии зуд ин мавқеъро аз даст хоҳад дод. Сӯхтор дар амборҳои ин бузургбозоргоҳ танҳо хатари муфлисшавии як ширкати бузург ва садҳо ҳазор тоҷирону ҳамкорони он ва дар натиҷа коҳиши пардохт ба буҷа нест. Wildberries яке аз бузургтарин донаҳои домино аст, ки дар ҳоли сарнагунист ва аз пайи худ донаҳои дигарро хоҳад кашид. 

Яке аз донаҳое, ки аз сарнагунии Wildberries зарари ҷиддие хоҳад дид системаи бонкии Русия аст. Албатта сарнагунии системаи бонкӣ, дар ҳоле, ки давлат пойдор аст, тақрибан ғайриимкон мебошад, аммо зарбае, ки хӯрдаасту дар ҳоли хӯрдан аст, ба фаъолияти ин система, миллионҳо муштарии он ва умуман кулли иқтисоди ин кишвар зарарҳои ҷуброннопазире ворид хоҳад кард. Худи ҳамин воқеъият, ки Wildberries бонки худашро дорад ва он дар се сол аз мавқеъи 350-400-ум ба ТОП 50 дар раддабандии дороиҳо, ТОП 10 дар раддабандии фоидагирӣ, яке аз абарбонкҳо дар радабандии тарокуниш (транзаксия) вориду шуд ва ба яке аз муҳимтарин бозигарон дар бозори молияи Русия табдил шуд ва ҳоло ба он хатари воқеъии муфлисшавӣ таҳдид мекунад, баёнгари хеле чизҳост. 

Ба ҷуз ин ки Wildberries бонки худашро дошт, ин бозоргоҳ бо яке аз бузургтарин бонкҳои Русия – “Внешторгбанк” (ВТБ) бо он шартномаи ҳамкории стротежӣ имзо карда буд ва бештари қарзҳои мизоҷони ин бозоргоҳро таъмин мекард. Яъне ба ин бузургбонки Русия хатари барнагаштани миллиардҳо рубл қарзҳои додааш таҳдид мекунад. Ҳамчунин, ин бонк 5% WildberriesBank-ро дар ихтиёр дошту барои ҷалби 80 млн муштариёни Wildberries аз истифодаи терминолҳояш сармоягузорӣ мекард. Бо дарназардошти ин ки аз ҳоло, яъне баъди танҳо аз даст додани 20% амборҳояшон, моликони Wildberries аз ҳукумати Русия 1,3 триллион кӯмак пурсидаанд, мешавад тасаввур кард, ки муфлисшавии ин ширкат чи паёмадҳое баои иҷтисоди Русия ва системаи бонкии он хоҳад дошт. 

Баҳси авоқиби муфлисшавии Wildberries барои системаи бонкӣ ва иқтисоди Русия баҳси калонест, ки дар як навишта, бахусус вақте мавзӯъи баҳси ин навишта чизи дигарест, намешавад онро ба ҳатто кӯтоҳ шарҳ дод. Агар барои хонандаи азиз ин баҳс ҷолиб аст, метавоанем ба он замони дигаре баргардем. Ҳоло мавзӯъи баҳс қарзҳои бонкӣ барои муштариёни Wildberries ва ҷойи тоҷики ҳалолкор дар ояндаи тиҷорат дар Русия аст. 

Агар шумо мавзӯъи зарбаҳо ба амборҳои Wildberries-ро пайгирӣ кардаеду мекунед, ҳатман дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳову ҳазорон навори кӯтоҳро, ки дар он тоҷирони руси ҳамкор бо ин бозоргоҳ ба паҳнаи рухсор гиря мекунанд, дидаед. Аксари кулли онҳо дар бораи қарзҳои бонкӣ ҳарф мезананд, ки барои тиҷорат гирифта буданд ва ҳоло бо сӯхтор дар амборҳо на танҳо бизнес, балки хонаву мошинҳояшонро ҳам аз даст додаанд. Чун бонк ки бе замонат ё гарав пул намедиҳад. Бо гумони ғолиб, иқтисоди Русия ҳамроҳ бо зарарҳои дигар, ки зикрашон дар боло рафт, даҳҳо ҳазор тоҷири хурду миёнаро ҳам, ки дар иқтисоди дилхоҳ давлати ҷаҳон саҳми бузурге доранд, аз даст дод. Баргаштани аксар ин даҳҳо ҳазор тоҷири зарардидаи рус ба бозор бисёр мушкил аст: онҳо кулли дороияшонро бо шумули хонаву дар аз даст додаанд, аз бонкҳову муштариёнашон қарздоранд, зарбаи шадиди равонӣ хӯрдаанд ва ғайра. Агар то ҳанӯз мо шоҳиди худкушии қисмате аз ин тоҷирон нестем, танҳо ба ин хотир аст, ки онҳо ҳанӯз ба пардохти ҷуброн аз сӯи моликони Wildberries ва ё давлат умед доранд. Замоне, ки ин умед аз дасташон биравад ва имкони он дар шароити ҷангиву бӯҳронӣ хеле зиёд аст, мо мутаассифона шоҳиди худкушиҳои зиёде ҳам хоҳем шуд. 

Тибқи иттилоъи яке аз дӯстон, ки бо Wildberries ҳамкорӣ дошт, ҳудуди 30 дарсади тоҷирони ҳамкор бо ин бозоргоҳро тоҷикон ташкил медиҳанд. 30 дарсад! Дар баргардон ба рақам, ин 40-50 ҳазор тоҷир аст ва дар баргардон ба пул на камтар аз ним триллион рубл ё 6-7 миллиард доллар! Баҳси инро ҳам, ки муфлис шудани Wildberries ва дар натиҷа ин миқдор тоҷири тоҷик чӣ паёмадҳое ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад доштро ҳам ба вақти дигаре мегузорем.

Байни ҳазорҳо навори тоҷирони гирёни рус, навори чанд тоҷири тоҷики ҳамкор бо Wildberries-ро дидам. Ҳатман бархе аз шумо ҳам онро дидаед. Ин навор ҳарчанд, мисли ҳазорҳо навори тоҷирони рус, аз зарари тоҷирон аз паи сӯхторҳо дар амборҳои Wildberries ҳикоят мекард, фазои комилан баръаксе дошт. Мисли сиёҳу сафед, сарду гарм, хушку тар ва ғайра. Дар он 5-6 нафар бо табъи болида машғули пӯхтани кабобанд. Оне, ки наворбардорӣ мекунад, мегӯяд ҳамаи онҳо тоҷиронеанд, ки аз сӯхторҳо зарарҳои ҳангуфт дидаанд – яке 9 млн, дигаре 5, севуми 4 ва ғайра. Бо фарқ аз русҳои гирён, ҳама механданд, табъи болида доранд ва гӯё на аз зарарҳои ҳангуфт, балки аз фоида ҳарф мезананд. Инҷо ҳам лозим аст каме аз мавзӯъ канор равем: муқоисаи ин навор бо навори русҳо барои як равоншинос ё таҳлилгари динӣ ҳам мавзӯъи хубу фарогире дар фарқи ҷаҳонбинии мусалмону ғайримусалмон аст.   

Бидуни шубҳа, зарари ин тоҷикони тоҷир аз ҳамтоёни русашон, агар дар маблағ фарқи камтар дорад, аммо дар таносуби дороӣ бо зарар ва зарари равонӣ бамаротиб камтар аст. Тоҷирони рус ҳама чиз – тиҷорат, хонаву дар, мағоза ва ғайраро аз доданд, аммо тоҷирони тоҷик танҳо маблағе аз тиҷораташонро. Чаро? Чун аксари онҳо, бинобар парҳези шадидашон аз рибо, аз гирифтани қарз аз бонк худдорӣ мекунанд. Яъне тиҷораташон тибқи шариат ҳалол аст. 

Вақте нафар аз бонк қарздор надорад, хонаву дараш ва мағозааш ҳам дар гарав нест. Пас ҳар гоҳ хост, ҳатто агар пулҳояш комилан сӯхтаанд, метавонад бо фурӯхтани қисмате аз амволи шахсиаш ба тиҷорат баргардад. Ин тоҷирони ҳалолкор аз садироҳи дигаре, ки рсҳо доранд, маофанд. Солҳо лозим аст то тоҷирони рус аз садамаи бузурги равоние, ки гирифтаанд, хориҷ шаванд. Аммо дар тоҷирони ҳалолкори тоҷик мо ҳеҷ садамаи равоние мушоҳида намекунем. Ва ин садама нахӯрдан ҳам бармегардад ба ақидаи динии онҳо, ки ҳар мусибате аз ҷониби Худост, сабр ба он аҷр дорад ва аз пайи мушкилӣ осонисту ҳар мусибат бо худ шодие ҳамроҳ дорад.  

Ҳазорҳо тоҷири руси муфлисшуда бинобар қарзи бонкҳо тақрибан бебозгашт аз боҳор рафт. Агар кадоме аз онҳо баргаштанӣ ҳам шуд мушкили дигаре пешорӯяш хоҳад шуд: дарёфти қарз аз бонкҳо. Онҳо наметавонанд бидуни гирифтани қарз баргарданд, аммо бо чанд сабаб ҳамин гирифтани қарз барояшон мушкил хоҳад шуд: замонат ё гараве барои гузоштан ба бонк надоранд, бонкҳо баъди ҳаводиси ахир ба масъалаи додани қарз ба тоҷирон бо эҳтиёт муносибат хоҳанд кард ва ғайра. 

Дуруст аст, ки дар ин таркишҳои амборҳои Wildberries тоҷикон чанд миллиард доллар зарар диданд ё хоҳанд дид. Дуруст аст, ки ин воқеъият ба иқтисоди вобаста ба пули муҳоҷирони Тоҷикистон ҳам зарба хоҳад зад. Аммо як чизи дигар мусаллам аст: агар то ин бӯҳрон тоҷикон 30 дарсади муштариёни Wildberries-ро ташкил медоданд, ки тахминан ҳамин дарсади бозори хариду фурӯши Русияро ҳам дар бар мегирад, дар ояндаи наздик ин таносуб хеле бештар хоҳад буд. 

Гузашта аз ин, бо вуҷуди сиёсати муҳоҷирситезӣ, ҳукумати Русия маҷбур хоҳад шуд барои тоҷирони тоҷик сабукиҳои қоил шавад ва роҳашонро барои баргаштан ҳамвортар кунад. Чун хариду фурӯши молҳои зарурияти мардум аз умдатарин ҷумбонандаи иқтисоди дилхоҳ кишвар аст ва бидуни тоҷирони касбиву таҷрибадор намешавад онро роҳ андохту рушд дод.   

Яъне мо ба зудӣ шоҳиди он хоҳем буд, ки бо вуҷуди сиёсатҳои муҳоҷирситезии мақомоти Русия солҳои наздик яке аз бозигарони асосии бозори Русия маҳз соҳибкори ҳалолкори тоҷик хоҳад буд.

Гуфтанист, 25 дарсади тиҷорати хурду миёна дар Аврупоро туркҳо дар даст доранд ва ин воқеъият кишварҳои авруопиро водор мекунад дар муносибат на танҳо бо туркҳо, ҳатто бо давлати Туркия аз эҳтиёт кор бигиранд. 

Абдуманнон Шералиев

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.

Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора дар ҳаҷми зиёд боздошт шуд.