Сафари як ҳайати ҳукумати Толибон ба Ҷумҳурии Молдова боиси баҳсҳои сиёсӣ ва интиқодҳои густурда дар ин кишвар гардид. Дар ҳоле ки Вазорати кишоварзии Толибон мегӯяд, сафар бо даъвати ҷониби Молдова сурат гирифтааст, мақомоти Молдова таъкид доранд, ки ҳеҷ мулоқоти расмӣ бо ин ҳайат баргузор нашудааст.
Ба иттилои расонаҳои Молдова, дар аввали моҳи августи соли 2026 як ҳайати иборат аз се намояндаи Вазорати кишоварзии ҳукумати Толибон вориди Кишинёв шуд.
Вазорати кишоварзии Толибон дар изҳороте гуфт, ки ҳайат бо даъвати Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Молдова ба ин кишвар сафар кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи сафар баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва густариши содироти маҳсулоти кишоварзии Афғонистон будааст.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Молдова ин иддаоро рад карда, изҳор дошт, ки барои намояндагони Толибон ягон мулоқоти расмӣ бо мақомоти давлатӣ ташкил нашудааст. Ин ниҳод ҳамчунин эълон кард, ки масъалаи додани раводид ба ҳайати Толибон ва шароити ташкили ин сафар мавриди санҷиш қарор гирифтааст.
Баъдан Василе Шарбан, котиби давлатии Вазорати кишоварзии Молдова, тавзеҳ дод, ки ташрифи ҳайати Толибон ба дархости бархе аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии Молдова сурат гирифтааст, ки мехостанд имкони ворид шудан ба бозори Афғонистонро омӯзанд. Ба гуфтаи ӯ, вазорат Толибонро расман даъват накардааст, балки танҳо барои расмӣ кардани раводиди онҳо аз Вазорати корҳои хориҷӣ дархост фиристода буд.
Ин сафар дар дохили Молдова баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Намояндагони аҳзоби мухолиф аз ҳукумат талаб карданд, ки шарҳ диҳад чӣ гуна ҳайати Толибон ба кишвар ворид шудааст ва чаро ба онҳо раводид дода шудааст.
Молдова, ки мақоми номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупоро дорад, то ҳол ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст. Аз ин рӯ, ҳузури намояндагони ин гурӯҳ дар Кишинёв таваҷҷуҳи расонаҳо ва ҷомеаи сиёсиро ба худ ҷалб кардааст.
Толибон моҳи августи соли 2021 пас аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дубора қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд. Бо вуҷуди барқарор кардани робитаҳои корӣ бо бархе кишварҳо, ҳукумати онҳо то ҳол аз ҷониби аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Молдова, расман эътироф нашудааст.
