Аз 10-уми августи соли ҷорӣ дар Русия низоми нави ба таври худкор (автоматӣ) беэътибор донистани патенти кории шаҳрвандони хориҷӣ ба кор оғоз кард. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Русия хабар дод.
Тибқи низоми нав, агар шаҳрванди хориҷӣ пардохти навбатии пешакии андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ)-ро сари вақт насупорад, патенти ӯ аз рӯзи баъди анҷоми муҳлати пардохтшуда ба таври худкор беэътибор дониста мешавад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бар асоси патент кор мекунанд, вазифадоранд ин пардохтро мунтазам анҷом диҳанд ва муҳлати эътибори патент ба даврае вобаста аст, ки барои он андоз пардохт шудааст.
Агар муҳоҷир маблағро сари вақт пардохт карда бошад, аммо бо сабаби иштибоҳ ё сабт нашудани пардохт дар низом патенти ӯ беэътибор дониста шавад, метавонад ба шуъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии Русия, ки патентро додааст, муроҷиат кунад. Барои тасдиқи пардохт бояд нусхаи аслии расидҳо пешниҳод шаванд.
Меъёри асосии пардохти пешакии моҳона барои кормандони ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ 1,2 ҳазор рубл ва барои кормандони назди шахсони воқеӣ, ки барои эҳтиёҷоти шахсӣ ба кор гирифта шудаанд, 1,7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, маблағи пардохти моҳонаи патенти корӣ дар Русия вобаста ба минтақа фарқ мекунад. Ҳаҷми он бар асоси маблағи муқарраршудаи андоз ва коэффитсиентҳои федералӣ ва минтақавӣ ҳисоб карда мешавад.
Масалан, аз 1-уми январи соли 2026 дар шаҳри Маскав қиммати патент барои муҳоҷирони корӣ 10 ҳазор рубл муқаррар шуда, муҳоҷир метавонад маблағи патентро барои як моҳ ё чанд моҳ пешакӣ пардохт кунад.
