Чаро аз болои “Душанбе Сити Бонк” шикоят зиёд аст?

Даҳҳо нафар аз сокинони вилояти Суғд аз тарзи хидматрасонии “Душанбе Сити Бонк” ба Идораи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар шаҳри Хуҷанд шикоят бурдаанд.

Раиси идораи минтақавии БМТ дар шаҳри Хуҷанд, Наврӯз Валиев рӯзи 13-уми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки танҳо аз вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 250 нафар аз мушкилот дар хизматрасонии ин бонк ба онҳо шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ин масъули БМТ, дар ин муддат нисбати фаъолияти бонки мазкур 254 муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, эътирозҳои асосии мизоҷон ба фаъолияти номунтазами ҳамёнҳои электронӣ, хатогиҳо дар барномаи мобилӣ, сустии интиқоли маблағҳо ва масъалаҳои бехатарии муомилоти молиявӣ рабт доранд.

“Сифати хизматрасониҳои бонкӣ мустақиман ба эътимоди мардум таъсир мерасонад, аз ин рӯ тамоми камбудиҳои ошкоршуда бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Айни замон санҷиши фаъолияти бонк ба охир расида, барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд“, — таъкид намуд Наврӯз Валиев.

Аммо дар посух ба ин нигарониҳо, директори филиали “Душанбе Сити Бонк” дар шаҳри Хуҷанд, Тоҳирҷон Каримов ба расонаҳо изҳор доштааст, ки сабаби асосии бархе аз халалдоршавиҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ содир шудани ҳамлаҳои киберии DDoS ба серверҳои бонк будааст. Ин ҳодиса боиси се рӯз аз кор мондани система ва суст шудани раванди амалиётҳо гардида буд.

Ин ниҳоди молиявӣ мегӯяд, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ба маблағҳои муштариён ҳеҷ гуна зарар нарасидааст. Вале дар мавриди шикоятҳо оид ба “гум шудани пулҳо”, намояндаи бонк тавзеҳ додааст, ки дар бисёр ҳолатҳо муштариён худ ба доми қаллобони интернетӣ афтода, бо дасти худ маблағҳоро ба суратҳисоби фиребгарон интиқол додаанд. Посухе, ки аксар муштариён ба он бовар надоранд.

Бояд гуфт, ки “Душанбе Сити Бонк” яке аз бозигарони калонтарин дар бозори молиявии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, беш аз 60%-и ҳамёнҳои мобилиро дар вилояти Суғд дар ихтиёр дорад. Ин бонк, мувофиқи маълумоти ғайрирасмӣ, ба яке аз наздикони хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Аммо то ҳанӯз маълумоти расмие дар бораи молики он нашр нашудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.