Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Тибқи маълумоти Хадамоти иҷрои вилояти Суғд, ҳоло 28 мард аз занони собиқи худ барои таъмини фарзандони муштарак маблағи алиментӣ дарёфт мекунанд.

Ба гуфтаи масъулони Хадамоти иҷро, аз ин шумора дар шаҳри Хуҷанд — 5 нафар, шаҳри Конибодом — 10 нафар, шаҳри Истиқлол — 1 нафар, ноҳияи Ашт — 3 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 1 нафар, ноҳияи Ҷаббор Расулов — 2 нафар ва ноҳияи Спитамен — 5 нафар мебошанд.

Ҳарчанд дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан пардохти алимент барои таъминоти фарзандон баъд аз ҷудоии волидон ба дӯши падарон вогузор мешавад, қонунгузорӣ дар ин масъала масъулияти ҳар ду волидайнро пешбинӣ мекунад. Дар сурати зарурат, падар низ метавонад барои таъмини фарзанд аз модари кӯдак алимент талаб кунад.

Тибқи қонун, нигоҳубин ва таъмини фарзанд масъулияти падару модар мебошад. Агар яке аз онҳо аз иҷрои ин вазифа саркашӣ кунад, масъала метавонад тавассути мақомоти додгоҳӣ ҳал шавад.

Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомоти Хадамоти иҷро, дар вилояти Суғд инчунин 35 нафари дигар барои ситонидани алимент ба нафъи падару модари худ вазифадор шудаанд.

Ин ҳолатҳо ба волидони солхӯрдае дахл доранд, ки ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд, вале фарзандони болиғи онҳо аз таъмини онҳо саркашӣ мекунанд. Қонунгузории Тоҷикистон фарзандони болиғро дар ҳолатҳои муайян вазифадор мекунад, ки падару модари эҳтиёҷманди худро нигоҳубин ва таъмин намоянд.

Ба назари коршиносони соҳа, масъалаи таъмини аъзои оила танҳо масъулияти як тараф нест. Қонун ҳам волидонро нисбати фарзандон ва ҳам фарзандони болиғро нисбати падару модари ниёзманд масъул медонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.