Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Ин масъала дар ҷараёни сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба Теҳрон ва мулоқоти он бо мақомоти баландпояи Эрон баррасӣ шуд.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа рӯзи 15-уми август дар Теҳрон бо ноиби аввали президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф, вазири корҳои хориҷӣ Аббос Ироқчӣ, вазири нафт Муҳсин Покнажод ва дигар масъулон мулоқот анҷом дод.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҷонибҳо дар бораи содироти дарозмуддати сӯзишвории дизелӣ, сӯзишвории ҳавопаймоҳо ва нафти хом ба Тоҷикистон ба созиш расидаанд. Дар музокирот ҳамчунин масъалаҳои логистика, ҳамкории ширкатҳои нафту газ ва пешниҳоди нархҳои имтиёздор барои бозори Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Ин созиш дар ҳоле ба даст омад, ки Тоҷикистон солҳои охир барои коҳиш додани вобастагӣ аз як манбаи таъмини сӯзишворӣ талош дорад. То ҳол қисми асосии маҳсулоти нафтии воридотии кишвар аз Русия таъмин мешавад, аммо ҷанг дар Русия ва болоравии нархҳо дар моҳҳои охир мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, ки ба бозори нафти Эрон рӯ биёрад.

Бар асоси иттилои мақомот, дар шаш моҳи аввали соли 2026 гардиши савдои Тоҷикистон ва Эрон ба 254,3 миллион доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 дарсад афзоиш ёфтааст.

Инчунин гуфта мешвад, дар ҷараёни ин мулоқотҳо ноиби аввали президенти Эрон Муҳаммадризо Ориф пешниҳоди таъсиси иттиҳоди кишварҳо ва минтақаҳои форсизабонро низ матраҳ кард.

Ба гуфтаи ӯ, чунин иттиҳод метавонад заминаи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва тамаддунӣ миёни кишварҳои ҳамзабонро фароҳам оварад. Ориф пешниҳод кардааст, ки ин ташаббус дар мулоқотҳои минбаъдаи мақомоти Тоҷикистон ва Эрон ба таври ҷиддӣ баррасӣ шавад. Ҳоло маълум нест, ки ин иттиҳод бо иштироки кадом кишварҳо таъсис хоҳад ёфт ва ё чӣ гуна фаъолият хоҳад кард.

Ҳамкориҳои нави иқтисодӣ миёни Душанбе ва Теҳрон баъд аз як давраи тӯлонии сардии муносибатҳои ду кишвар ба роҳ монда мешаванд.

Оғози танишҳо байни Душанбеву Теҳрон ба соли 2013 рост меояд. Он замон Бобаки Занҷонӣ, тоҷири маъруфи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ сармоягузори бузург ба ҳисоб мерафт, дар Эрон бо иттиҳоми фасоди молиявӣ ва напардохтани маблағҳои Вазорати нафти ин кишвар боздошт шуд.

Занҷонӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, нақлиёт ва дигар лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ сармоягузорӣ мекард. Ӯ муассиси ширкатҳои «Asian Express», «Конт Груп Тоҷикистон» ва чандин тарҳи дигари тиҷоратӣ буд. Ҳамчунин расонаҳо навишта буданд, ки ӯ шиносномаи Тоҷикистонро низ ба даст оварда буд.

Баъди боздошти ӯ миёни Душанбе ва Теҳрон баҳсҳо бар сари интиқоли маблағҳои Бобаки Занҷонӣ ба миён омад. Дар пайи ин, муносибатҳои сиёсӣ байни ду кишвар барои чанд сол сард шуданд ва мақомоти Тоҷикистон борҳо Эронро ба дахолат дар умури дохилӣ ва пуштибонӣ аз мухолифон муттаҳам мекарданд.

Бо гузашти вақт муносибатҳои ду кишвар тадриҷан беҳтар шуданд ва имрӯз ҳамкориҳои иқтисодӣ дубора рушд карда истодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.