Бо дастури Эмомалӣ дар Турсунзода барои узбекзабонҳо мактабҳои нав бунёд шаванд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳаи маориф дастур додааст, ки бо дарназардошти шумораи узбекзтаборон дар кишвар, барои онҳо мактабҳои махсус бунёд намуда, маводи таълимӣ бо забони узбекӣ таҳия кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии узбекзабон бояд имкони таҳсил бо забони модарияшонро дошта бошанд ва мактабҳои онҳо бо тамоми шароити зарурӣ таъмин гарданд.

Дар як суханронии худ, ки порчаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, бо роҳбарияти Узбекистон маслиҳат шудааст, ки чунин шароит барои тоҷикони Узбекистон низ фароҳам карда шавад.

Ин изҳорот зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода садо дод, ки дар он ҷо ӯ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-ро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ин мактаби нав барои қариб 2 ҳазор хонанда пешбинӣ шуда, дорои 41 синфхона мебошад. Аз ин шумора 21 синфхона махсусгардонидашуда буда, барои омӯзиши фанҳои биология, математика, мусиқӣ, таълими меҳнат, омодагии ҳарбӣ ва забонҳо истифода мешаванд.

Ин масъала аз забони Эмомалӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки солҳост аксар мактабҳои онҳо дар баъзе ноҳияҳои кишвар бо маводҳои таълимӣ ба забони модарияшон таъмин мешаванд. Вале тоҷиктаборони Узбекистон аксар вақт шикоят мекунанд, ки дар мактабҳояшон бо забони узбекӣ таълим мегиранд ва ҳеч маводи дарсие бо забони модарияшон надоранд.

Вале ин бор Эмомалӣ таъкид карда, ки бо мақомоти Узбекистон “маслиҳат шудааст”, ки тоҷикони Узбекистон ва узбекони Тоҷикистон дар мактбаҳо бо забони модарияшон таълим гиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.

Аз нафт то иттиҳоди форсизабонон: Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориҳои худро густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон дар бораи имзои як созишномаи дарозмуддат барои таъмини маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд.

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.