Эълони нав: “Роғун” чор сол дертар ба анҷом мерасад

Барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон ҳанӯз ба 5,8 миллиард доллар маблағи иловагӣ ниёз дорад. Дар ин бора дар гузориши нави Ожонсии байналмилалии радабандии S&P Global Ratings гуфта шудааст.

Ба арзёбии ин ниҳод, сохтмони пурраи нерӯгоҳ танҳо соли 2035 ба анҷом мерасад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон қаблан тасмим дошт, корҳои сохтмониро то соли 2031 пурра ба итмом расонад. Яъне, тибқи пешбинии S&P анҷоми лоиҳа метавонад чор сол дертар аз нақшаи қаблии мақомот сурат гирад.

Тибқи гузориш, тақрибан нисфи маблағи боқимонда аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои имтиёзноки созмонҳои байналмилалии молиявӣ таъмин шуда, қисми дигар аз буҷети давлатӣ ва даромади худи нерӯгоҳ пардохт хоҳад шуд.

То имрӯз Тоҷикистон барои маблағгузории “Роғун” аз чандин созмони байналмилалӣ маблағ ба даст овардааст. Аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмуъ 650 миллион доллар, Бонки осиёии рушд то 500 миллион доллар, Бонки исломии рушд ва фондҳои арабӣ 450 миллион доллар ва Фонди рушди Қатар 50 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ҳамчунин музокирот барои ҷалби боз 1,7 миллиард доллар маблағ идома дорад.

Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳаҷми умумии маблағҳои хориҷии барои сохтмони “Роғун” гирифташударо расман эълон накардаанд. Ба иттилои қаблан дар сомонаи  TRT GLOBAL нашршуда, аз оғози корҳои сохтмонӣ дар соли 2008 то имрӯз барои ин лоиҳа аз ҳамаи манбаъҳо беш аз 48,1 миллиард сомонӣ, ё тақрибан 5 миллиард доллар масраф шудааст.

S&P ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки агрегати сеюми нерӯгоҳ соли 2027 ба истифода дода мешавад. Ҳоло ду агрегати аввал, ки солҳои 2018 ва 2019 ба кор андохта шудаанд, фаъол мебошанд.

НБО “Роғун” бузургтарин лоиҳаи энергетикии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Пас аз анҷоми пурраи сохтмон, иқтидори он ба 3780 мегаватт расида, солона то 14–17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард.

Тоҷикистон солҳои зиёд аст, ки махсусан дар фасли зимистон бо норасоии нерӯи барқ рӯбарӯ мебошад. Мақомоти кишвар умед доранд, ки бо пурра ба истифода дода шудани “Роғун” ин мушкил ба таври назаррас коҳиш ёфта, на танҳо талаботи дохилии кишвар пурра таъмин мешавад, балки имкони афзоиши содироти нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа низ фароҳам хоҳад омад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.