Арабистони Саудӣ аз китобҳои дарсияш масоили марбут ба Фаластин ва Қудсро пок кард

Дар китобҳои дарсии мактабҳои Арабистони Саудӣ солҳои охир тағйироти назаррас дар мавриди тасвири яҳудиён, Исроил ва ҳаракати саҳюнизм мушоҳида мешавад.

Таҳқиқоти созмони байналмилалии IMPACT-se нишон медиҳад, ки Риёз баъзе масъалаҳо марбути Фаластин ва яҳудият, бахусус ҷумлаи “Мо аз Қудс даст намекашем”-ро, ки қаблан ҳамчун арзиши динӣ таълим дода мешуд, аз китобҳои дарсӣ ва маводи таълимияш пок кардааст.

Бар асоси таҳқиқоти ин созмон, ки садҳо китоби дарсии Саудиро баррасӣ кардааст, бисёре аз матнҳое, ки яҳудиён ё масеҳиёнро ба гунае тасвир мекарданд, аз барномаҳои таълимӣ хориҷ ё тағйир дода шудаанд. Ҳамчунин баъзе тавсифҳое нисбат ба саҳюнизм ва Исроил бозбинӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, яке аз тағйироти муҳим он аст, ки дар китобҳои нави дарсӣ дигар саҳюнизм ҳамчун як ҳаракати танҳо дорои ҳадафҳои нажодпарастона ё тавтиъагароёна муаррифӣ намешавад. Баъзе матнҳои пешина, ки ҳаракатро ба талош барои ишғоли тамоми сарзаминҳои арабӣ ё назорати ҷойҳои муқаддас рабт медоданд, аз китобҳо хориҷ ё ислоҳ шудаанд.

Ба назари таҳиягарони ин гузориш, бо вуҷуди бардоштани баъзе матнҳо аз китобҳои дарсӣ, ин тағйирот ба маънои тағйири пурраи сиёсати Саудӣ дар баробари Исроил нест. Китобҳои дарсӣ ҳанӯз ҳам мавқеи расмии кишварро дар масъалаи Фаластин инъикос мекунанд ва дар баъзе мавридҳо Исроил дар заминаи низои Фаластин ҳамчун «ишғолгар» зикр мешавад.

Коршиносон мегӯянд, тағйироти китобҳои дарсӣ метавонад бо ислоҳоти васеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Арабистони Саудӣ вобаста бошад. Ин кишвар дар доираи барномаи “Vision 2030” талош дорад низоми маорифро навсозӣ карда, фазои иҷтимоиро бозтар ва мутобиқ ба муносибатҳои байналмилалӣ созад.

Ин тағйирот дар ҳолест, ки солҳои охир дар бораи эҳтимоли наздикшавии муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Исроил низ баҳсҳо зиёд шудаанд. Бархе таҳлилгарон тағйир дар китобҳои дарсиро яке аз нишонаҳои эҳтимолии тағйири муносибати ҷомеа ба масъалаҳои марбут ба Исроил ва яҳудиён медонанд, аммо мақомоти Саудӣ ҳамоно таъкид мекунанд, ки масъалаи Фаластин барои онҳо аҳамияти калидӣ дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.