Дар Русия мехоҳанд низоми муҳоҷирати кориро ба таври куллӣ тағйир диҳанд.
Раҳбари ҳизби “Справедливая Россия” ва сиёсатмадори муҳоҷирбадбин Сергей Миронов пешниҳод дорад, ки низоми патент бекор ва ҷалби ҳадафмандонаи коргарони хориҷӣ дар ин кишвар ба роҳ монда шавад.
Ба таъкиди ӯ, шаҳрвандони хориҷӣ бояд танҳо бо даъвати корфармои мушаххас ва барои иҷрои кори муайян ба Русия ворид шаванд ва муҳлату маҳалли будубоши муҳоҷир бояд ба шартномаи кории ӯ вобаста бошад. Яъне, коргар наметавонад худсарона ба ташкилоти дигар гузарад ё ба минтақаи дигар кӯчад ва барои риоя накардани ин талабот ихроҷ аз Русия пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон пешниҳод шудааст, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии муҳоҷир, аз ҷумла суғуртаи тиббӣ, аз ҷониби корфармо тартиб дода шаванд ва корфармо ҳамчунин бояд ҳисоби махсусе боз кунад, то дар ҳолати зарурӣ хароҷоти ихроҷи коргари хориҷӣ аз ҳисоби он пардохт шавад.
Дар баробари ин, Миронов ва ҳамсафони ӯ пешниҳод доранд, ки вуруди аъзои оилаи муҳоҷирони корӣ ба Русия маҳдуд ва кори шаҳрвандони хориҷӣ дар чандин соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва нақлиёт мамнуъ шавад.
Аз пешниҳодҳои дигари ин ҳизб ихроҷи на танҳо худи қонуншикан, балки аъзои оилаи ӯ, ҷорӣ кардани талаботи 20-солаи шаҳрвандӣ барои гирифтани баъзе пардохтҳои иҷтимоӣ ва муқаррар кардани пардохти махсус барои интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба хориҷи кишвар аст.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки Русия бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон низоми раводид ҷорӣ кунад.
Илова бар ин, вакилон бори дигар масъалаи таъсиси як ниҳоди алоҳидаи давлатӣ барои танзими сиёсати муҳоҷиратро матраҳ кардаанд, ки мустақиман ба президенти Русия итоат кунад.
Пештар намояндагони Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) низ пешниҳодҳои монандеро карда, дар баробари ин хоста буданд, ки шумораи муҳоҷирон, ки то охири соли 2025 беш аз 5,7 миллионро ташкил медоданд то охири соли 2030 ба 3 миллион расонда шаванд.
Ин пешниҳодҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. Тибқи гуфтаи коршиносон, иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори кор амиқтар созанд.
Ҳамчунин коршиносон таъкид мекунанд, ки чун соли ҷорӣ дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, талош доранд аз ин фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия истифода намуда, шумори курсиҳои худ дар парлумонро бештар кунанд. Пешниҳод кардани масъалаҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то пуштибонии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.
