Яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Ҳасиб Панҷшерӣ, ки бо номи Ҳасиб Қувай Марказ низ маъруф буд, рӯзи 20-уми августи соли 2026 дар ҷараёни як даргирӣ бо нерӯҳои ҳукумати Толибон кушта шуд. Марги ӯро худи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ расман тасдиқ кардааст.
Тибқи маълумоти нашршуда, Ҳасиб Панҷшерӣ ҳамроҳи ҳафт тан аз ҳамсафонаш аз вилояти Панҷшер ба сӯи вилояти Бағлон ҳаракат мекард. Корвони онҳо дар минтақаи Соланг ба камини нерӯҳои Толибон дучор шуда, дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона Ҳасиб Панҷшерӣ ва чанд тан аз ҳамроҳонаш кушта шуданд. Ба навиштаи бархе расонаҳои афғонистонӣ, амалиёт бар асоси маълумоти истихборотӣ анҷом дода шудааст.
Ҳасиб Панҷшерӣ соли 1992 дар вилояти Панҷшер таваллуд шуда буд. Ӯ то суқути ҳукумати пешини Афғонистон дар соли 2021 дар ҳайати нерӯҳои вежаи Раёсати амнияти миллӣ хидмат мекард. Пас аз бозгашти Толибон ба қудрат, ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд пайваста, ба яке аз фармондеҳони калидии ин гурӯҳ табдил ёфт.
Пас аз интишори хабари марги ӯ, раҳбарони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ паёмҳои ҳамдардӣ нашр карданд. Абдуллоҳ Ханҷонӣ, раиси Кумитаи сиёсии Ҷабҳа, Ҳасиб Панҷшериро “фармондеҳи бузург ва муборизи хастанашаванда” номид. Масъули равобити хориҷии Ҷабҳа, Алӣ Майсам Назарӣ низ бо изҳори ҳамдардӣ ба наздикон ва ҳамсафони ӯ таъкид кард, ки роҳи муборизаи онҳо идома хоҳад ёфт.
Коршиносон мегӯянд, Ҳасиб Панҷшерӣ яке аз чеҳраҳои шинохта ва таъсиргузори муқовимати мусаллаҳона алайҳи Толибон дар шимоли Афғонистон ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи онҳо, кушта шудани ӯ метавонад ба фаъолияти низомии Ҷабҳаи муқовимат таъсир расонад, аммо ин гурӯҳ эълом кардааст, ки муборизаи худро алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон идома медиҳад.
Марги Ҳасиб Панҷшерӣ дар ҳоле рух медиҳад, ки дар моҳҳои охир фаъолият ва амалиётҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар чанд вилояти шимолии Афғонистон, аз ҷумла Панҷшер, Бағлон ва Бадахшон афзоиш ёфта, даргириҳо байни ин гурӯҳ ва нерӯҳои Толибон дар баъзе минтақаҳо идома доранд.
