Духтараки гумшуда пайдо шуд: ҷузъиёти нави ВКД дар ин бора

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Мадамонзода Фарида, сокини 12-солаи шаҳри Душанбе, ки чанд рӯз боз бедарак буд, пайдо шудааст.

Ба иттилои ВКД, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ духтар пайдо карда шуда, ба наздиконаш супорида шудааст.

Пеш аз пайдо шудани Фарида, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он як мардро бо гумони даст доштан дар бедарак шудани кӯдак чанд нафар иҳота карда, мавриди суол ва бозпурсӣ қарор медоданд. Паҳн шудани ин навор боиси вокунишҳои зиёди корбарон гардид. Бархе шаҳрвандон таъкид карданд, ки чунин ҳолатҳо бояд танҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ва дар доираи қонун баррасӣ шаванд.

Зимни санҷиши ҳолат муайян шудааст, ки Фарида зери тарбияи холааш қарор дошта, модараш дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти корҳои дохилӣ, духтар аз сабаби назорати нокифояи наздикон чандин маротиба аз хона дур шуда, ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғул будааст.

ВКД мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат маводи зарурӣ таҳия шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.

Ҳамзамон Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки ба маълумоти тасдиқнашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд ва ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо чунин ҳолатҳо ба мақомоти масъул муроҷиат намоянд.

Ин ниҳод ҳамчунин хабар додааст, ки нисбат ба шахсоне, ки бо паҳн кардани наворҳо ва маълумоти носаҳеҳ боиси ташвиш дар ҷомеа мешаванд, чораҳои қонунӣ андешида хоҳад шуд. Аз ҷумла, паҳнкунандагони наворҳои марбут ба ин қазия низ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар сурати муайян шудани вайрон кардани қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.