Амрико ҳамзамон бо эълони таҳримҳои нав алайҳи шабакаҳои вобаста ба Эрон, аз омодагӣ барои ҷорӣ кардани сахттарин таҳримҳо алайҳи Теҳрон хабар дод. Вашингтон мегӯяд, фишори иқтисодиро ба ҷойи густариши амалиёти бузурги низомӣ афзалтар медонад.
Вазорати молияи ИМА рӯзи панҷшанбе иттилоъ дод, ки кишвараш тасмим дорад барои фишори ҳарчи бештар таҳримҳои наверо алайҳи Эрон ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин иқдом бахше аз маъракаи густардаи Вашингтон барои маҳдуд кардани имкониятҳои молӣ ва иқтисодии Теҳрон ва шабакаҳои вобаста ба он мебошад.
Рӯзи 20-уми август ИМА 10 нафарро, ки ба гуфтаи Вашингтон дар як шабакаи интиқоли ғайриқонунии маблағ барои гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” фаъолият доштанд, таҳрим кард. Ҳамзамон Вазорати молияи Амрико аз ҷорӣ крадани таҳрим алайҳи 21 нафар, 16 ширкат ва 10 киштӣ хабар дод. Ин ниҳоди амрикоӣ мегӯяд, ин шабакаҳо барои интиқоли садҳо миллион доллар аз роҳҳои гуногун, аз ҷумла тавассути кишварҳои минтақа, истифода мекарданд ва ба сохторҳои вобаста ба Эрон кумак мерасонданд.
Ин таҳримҳо дар ҳоле ҷорӣ мешаванд, ки президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи гузашта эълон кард, дар ҳоли ҳозир музокироти воқеӣ бо Эрон ҷараён надорад ва оғози гуфтушунид дар шароити кунунӣ беҳуда хоҳад буд. Ӯ баъдан дар шабакаи иҷтимоии “Truth Social” аз оғози маъракаи бесобиқаи фишори иқтисодӣ алайҳи Эрон хабар дод ва кишварҳоеро, ки ба Теҳрон кумак ё ҳамкорӣ мекунанд, аз паёмадҳои сахти иқтисодӣ ҳушдор дод.
Скотт Бессент, вазири молияи ИМА низ гуфт, Вашингтон омода аст алайҳи Эрон “сахттарин таҳримҳо дар таърих”-ро ҷорӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ташдиди фишори иқтисодӣ маҳдуд кардани имкониятҳои молии Теҳрон ва шабакаҳои минтақавии вобаста ба он аст. Бессент ҳамчунин таъкид кардааст, ки истифодаи фишори иқтисодӣ метавонад эҳтиёҷ ба амалиёти густурдаи нави низомиро коҳиш диҳад.
Тибқи гузориши “Рейтерз”, мақомоти амрикоӣ ҳанӯз ҷузъиёти пурраи бастаи нави таҳримҳои ваъдашударо нашр накардаанд. Аммо Вашингтон дар ҳафтаҳо ва моҳҳои гузашта пайваста шахсону ширкатҳо ва шабакаҳои нақлиётӣ, молиявӣ ва тиҷоратиеро ҳадаф қарор додааст, ки ба гуфтаи мақомоти ИМА дар интиқоли нафт, дастрас кардани маблағ ва хариди таҷҳизот барои сохторҳои эронӣ нақш доранд.
Фишор ба бахши нафти Эрон яке аз меҳварҳои асосии сиёсати нави Вашингтон аст. Манобеи тиҷоратӣ ба “Рейтерз” гуфтаанд, ки бар асари маҳдудиятҳо ва муҳосираи иқтисодии Амрико ҳаҷми пешниҳоди нафти Эрон ба харидорони чинӣ коҳиш ёфтааст. Чин аз харидорони асосии нафти содиротии Эрон ба ҳисоб меравад ва Пекин ҳамоно бо таҳримҳои якҷонибаи Вашингтон мухолиф аст.
Вашингтон дар моҳҳои охир таҳримҳои зидди Эронро марҳила ба марҳила густариш додааст. Рӯзи 14-уми июл Вазорати молияи ИМА беш аз 50 шахс, ширкат ва киштиро дар иртибот бо шабакаи киштиронӣ ва содироти нафти Муҳаммадҳусайн Шамхонӣ ҳадафи таҳрим қарор дод. Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин шабака дар интиқоли нафти Эрон ва канор задани таҳримҳо нақш доштааст.
Пеш аз он низ, рӯзи 7-уми август, Вашингтон аз таҳримҳои нав алайҳи чанд шабакаи молиявии пинҳонӣ хабар дода буд, ки ба гуфтаи мақомоти Амрико барои интиқоли садҳо миллион доллар ба манфиати мақомоти Эрон истифода мешуданд.
Бо вуҷуди ин, Теҳрон таҳримҳои Амрикоро ғайриқонунӣ ва як навъ “ҷанги иқтисодӣ” медонад. Таниш миёни ду кишвар дар ҳоле шиддат гирифтааст, ки масъалаи басташавии тангаи Ҳурмуз ва сарнавишти музокироти эҳтимолӣ миёни Вашингтон ва Теҳрон норӯшан аст.
