Оё Эрон барои пайвастан ба Созишномаи Макка даъват шудааст?

Ба гузориши расонаҳо, Эрон барои пайвастан ба Созишномаи муштараки дифоии Макка, ки чанде пеш миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид, даъват шудааст.

Дар бораи ин мавзуъ расонаҳои минтақа бо истинод ба як мақоми эронӣ хабар додаанд. То кунун Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва ё се кишвари муассиси ин созишнома расман ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Пас аз интишори ин хабар сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ ба расонаҳо гуфта, ки “Эрон ба таври расмӣ даъват барои пайвастан ба Созишномаи Маккаро дарёфт накардааст, вале дар робита ба ин мавзуъ баъзе пешниҳодоте шудааст.”

Дар пайи имзои Созишномаи Макка таҳлилгарон мегуфтанд, эҳтимол Эрон ин иттиҳоди дифоиро таҳдиде барои худ ҳисоб кунад. Аммо баъдан Вазорати корҳои хориҷии Эрон расман дар изҳороте гуфт, ки Эрон дар ин иттиҳоди дифоии сегона барои худ таҳдиде намебинад.

Созишномаи Макка 7-уми августи соли 2026 миёни Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон ба имзо расид. Бар асоси он, ҳамла ба яке аз аъзои ин иттиҳод ҳамчун ҳамла ба ҳамаи аъзо арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи мақомоти ин се кишвар, ҳадафи созишнома густариши ҳамкориҳои дифоӣ, мубодилаи иттилооти низомӣ, баргузории тамринҳои муштарак ва таҳкими амнияти минтақа мебошад.

Тибқи гузоришҳо, даъвати эҳтимолии Эрон метавонад нишонаи талош барои коҳиши танишҳо ва ҷалби Теҳрон ба як сохтори нави амниятии минтақа бошад. Аммо ба назари коршиносон, агар Эрон ба ин созишнома ҳамроҳ шавад, он метавонад ба тағйири муҳити амниятии Ховари Миёна таъсир расонад. Бо вуҷуди ин, то замони эълони мавқеи расмии тарафҳо, ин масъала дар ҳадди гузоришҳои расонаӣ боқӣ мемонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.