Боздошти се гумонбар бо иттиҳоми оташ задани бозори шаҳри Ҳисор

Дар шаҳри Ҳисор се гумонбар бо иттиҳоми ташкили сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмонӣ боздошт шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ин ҳодиса ҳанӯз моҳи августи соли 2023 рух дода, ба соҳибкорон зиёда аз 12,8 миллион сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 31-уми августи соли 2023, тахминан соати 02:30, шахсони номаълум бозори масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Бозори масолеҳи сохтмонӣ”-ро дар шаҳри Ҳисор оташ задаанд. Пас аз гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони пулис баъд аз се сол шахсияти гумонбаронро муайян ва онҳоро дастгир кардаанд.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ки ташкилкунандаи эҳтимолии ин амал Солизода Далер Давлатбек, сокини шаҳри Ҳисор будааст. Ба гуфтаи ВКД, сабаби эҳтимолии сӯхтор ихтилофи шахсии ӯ бо яке аз соҳибкорони бозор будааст. Гуфта мешавад, ӯ бо ду нафари дигар барои иҷрои ин амал маслиҳати пешакӣ доштааст.

Дар робита ба ҳодиса нисбат ба се нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Вале назари боздоштшудагон ва ё наздиконашон вобаста ба ин иттиҳомот маълум нест.

Сӯхтор дар бозорҳо яке аз масъалаҳое мебошад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон борҳо ба қайд гирифта шудааст. Дар бисёр ҳолатҳо мақомоти давлатӣ сабаби асосии чунин ҳодисаҳоро риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор, истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ, ҷойгиркунии номуносиби молу мавод ва набудани чораҳои пешгирӣ арзёбӣ кардаанд.

Бозорҳо, ки дар онҳо миқдори зиёди молҳои зудоташгиранда, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ, либос ва дигар маҳсулот нигоҳдорӣ мешаванд, аз ҷойҳои дорои хатари баланди сар задани сӯхтор ба ҳисоб мераванд.

Коршиносон мегӯянд, барои пешгирии чунин ҳодисаҳо назорати доимии риояи қоидаҳои бехатарӣ, муҷаҳҳаз кардани бозорҳо бо таҷҳизоти зиддисӯхтор ва омодагии кормандон ба ҳолатҳои фавқулода муҳим мебошад.

Дар баробари ин, ҳодисаи бозори Ҳисор нишон медиҳад, ки на танҳо омилҳои техникӣ, балки эҳтимоли қасдан ба вуҷуд овардани сӯхтор низ дар баъзе мавридҳо мавриди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор мегирад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.