Захираҳои байналмилалии Тоҷикистон то моҳи майи соли 2026 тақрибан ба 6,8 миллиард доллар расиданд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди кишвар ҳамоно ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад.
Бар асоси арзёбии S&P Global Ratings, афзоиши захираҳо, зиёд шудани воридоти маблағ аз хориҷ ва гарон шудани арзиши тилло ба беҳтар шудани мавқеи молиявии берунии кишвар мусоидат кардаанд.
Бо вуҷуди ин, гузориши агентӣ нишон медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирони корӣ, бахусус аз Русия вобастагии зиёд дорад.
S&P рейтинги Тоҷикистонро боло бурд
S&P Global Ratings моҳи августи соли 2026 рейтинги қарзии дарозмуддати Тоҷикистонро аз “B” ба “B+” боло бурд ва дурнамои рейтингро “устувор” арзёбӣ кард. Ба гуфтаи агентӣ, беҳтар шудани вазъи молиявӣ ва мавқеи хориҷии кишвар аз омилҳои асосии ин тасмим буданд.
Тибқи маълумоти S&P, ҳаҷми захираҳои байналмилалии Тоҷикистон аз тақрибан 4,4 миллиард доллар дар охири соли 2024 ба 6,4 миллиард доллар дар охири соли 2025 расидааст. То охири моҳи майи соли 2026 ин нишондиҳанда ба тақрибан 6,8 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Ба арзёбии агентӣ, чунин ҳаҷми захираҳо ба кишвар имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти асосии пардохтҳои хориҷии худро барои чанд моҳи оянда таъмин кунад.
S&P афзоиши захираҳоро ба чанд омил, аз ҷумла воридшавии маблағ аз хориҷ ва боло рафтани арзиши захираҳои тиллоӣ, рабт медиҳад.
Интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ҳанӯз аҳамияти калон дорад
Яке аз омилҳои муҳими воридшавии маблағ ба Тоҷикистон интиқоли пули муҳоҷирони корӣ мебошад. Тибқи гузориши S&P, воридоти маблағҳо, аз ҷумла интиқоли пулҳои муҳоҷирон дар соли 2025 нисбат ба соли қаблӣ 48 дарсад афзоиш ёфтааст. Агентӣ ҳаҷми умумии чунин воридотро ба беш аз 60 дарсад ММД баробар арзёбӣ мекунад.
S&P мегӯяд, беш аз 90 дарсади ин маблағҳо аз кишварҳои узви ИДМ ворид мешаванд ва Русия манбаи асосии онҳо мебошад. Дар семоҳаи аввали соли 2026 низ, тибқи арзёбии агентӣ, ҳаҷми воридоти мазкур тақрибан 4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Аммо, ба назари коршиносон, агарчи нишондиҳандаи S&P аз маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ки ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистонро дар соли 2025 тақрибан 46 дарсади ММД ҳисоб карда буд, фарқ мекунад, вале ин фарқиятро на ҳамчун ду арзёбии мустақими як нишондиҳанда донист. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин фарқият ба методологияи ҳисоб вобаста аст.
Вобастагӣ ба Русия ҳамчун омили осебпазирӣ боқӣ мемонад
Афзоиши захираҳои байналмилалӣ мавқеи молиявии Тоҷикистонро қавитар мекунад, аммо ин нишондиҳанда худ аз худ маънои коҳиш ёфтани вобастагии иқтисод аз муҳоҷирати кориро надорад.
Баръакс, тамаркузи қисми зиёди интиқоли маблағҳо дар Русия Тоҷикистонро ба тағйироти иқтисодӣ ва бозори кори ин кишвар ҳассос нигоҳ медорад.
S&P пешбинӣ мекунад, ки суръати афзоиши интиқоли маблағҳо метавонад аз соли 2027 коҳиш ёбад. Ба гуфтаи агентӣ, заиф шудани эҳтимолии рубл ва тағйирот дар бозори кори Русия аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки метавонанд ба ҳаҷми интиқолҳо таъсир расонанд. Ҳамзамон бархе коршиносон ихроҷи шумори зиёди муҳоҷиронро аз Русия низ яке аз омилҳои ин раванд медонанд.
Бонки ҷаҳонӣ низ таъкид мекунад, ки вобастагии баланди Тоҷикистон аз интиқоли маблағҳо иқтисоди кишварро ба вазъи иқтисодии давлатҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар онҳо кор мекунанд, осебпазир мекунад.
Захираҳо зиёд мешаванд, аммо масъалаи диверсификатсия боқӣ мемонад
Афзоиши захираҳои байналмилалӣ барои Тоҷикистон имкони бештар барои маблағгузории воридот ва иҷрои уҳдадориҳои хориҷиро фароҳам меорад. Ҳамзамон барои арзёбии устувории иқтисод танҳо ба ҳаҷми захираҳо такя кардан кофӣ нест.
Маълумоти S&P ва Бонки ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистон ҳамоно нақши хеле муҳим дорад. Аз ин рӯ, тағйирот дар бозори кори Русия ва дигар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон метавонад ба даромади хонаводаҳо ва фаъолияти иқтисодии дохилӣ таъсир расонад.
Бонки ҷаҳонӣ барои коҳиш додани чунин осебпазирӣ ба рушди бахши хусусӣ, беҳтар кардани муҳити сармоягузорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кори бештар дар дохили кишвар таъкид мекунад.
Дар маҷмуъ, афзоиши захираҳои байналмилалии Тоҷикистон то 6,8 миллиард доллар нишондиҳандаи мусбат барои мавқеи молиявии берунии кишвар аст. Аммо, ба назари коршиносони соҳа ин нишондиҳанда набояд ҳамчун далели аз байн рафтани вобастагӣ аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон маънидод шавад. Баръакс, маълумоти мавҷуда нишон медиҳад, ки дар баробари афзоиши захираҳо, диверсификатсияи иқтисод ва коҳиши вобастагӣ аз омилҳои беруна ҳамчунон аз масъалаҳои асосии сиёсати иқтисодии кишвар боқӣ мемонанд.
