Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.

Ин интихобот пас аз ислоҳоти сиёсӣ баргузор гардид, ки дар натиҷаи он Қазоқистон ба низоми нави парлумонӣ гузашт ва палатаи ягонаи Қурултой бо 145 вакил ташкил ёфт. Мақомоти кишвар мегӯянд, ки ин тағйирот барои баланд бардоштани нақши ҷомеа ва беҳтар кардани идоракунии давлатӣ равона шудааст.

Пирӯзии “Адилет” имкони президенти Қазоқистонро барои пешбурди сиёсати худ бештар мекунад. Тибқи арзёбии таҳлилгарон, натиҷаҳои интихобот таъсири сиёсии Тоқаевро тақвият медиҳанд, зеро аксари нерӯҳои воридшуда ба парлумон бо сиёсати кунунии ҳукумат мухолифати ҷиддӣ надоранд.

Ҳамзамон нақши мухолифони сиёсӣ яке аз масъалаҳои баҳсбарангези ин интихобот боқӣ монд. Нозирони байналмилалӣ қайд карданд, ки рақобати воқеии сиёсӣ дар ин интихобот маҳдуд буд ва ҳизбҳои мухолиф имкони камтар барои таъсиргузорӣ доштанд.

Баъзе таҳлилгарон миёни вазъи сиёсии Қазоқистон ва баъзе кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, шабоҳат мебинанд: дар ҳар ду кишвар ҳизбҳои ҳоким дар парлумон мавқеи қавӣ доранд. Бо вуҷуди ин, Қазоқистон ҳузури чандин ҳизби гуногунро дар парлумон нигоҳ доштааст.

Натиҷаи интихобот нишон медиҳад, ки марҳилаи нави сиёсӣ дар Қазоқистон бештар таҳти таъсири Қосим-Жомарт Тоқаев идома хоҳад ёфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон мехоҳад Чин роҳҳояшро бисозад. Вале бо чӣ имтиёзе?

Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.

Захираҳои Тоҷикистон ба $6,8 млрд расиданд: нақши муҳоҷирон дар ин миён чӣ гуна аст?

Захираҳои Тоҷикистон то моҳи майи соли 2026 тақрибан ба 6,8 миллиард доллар расиданд. Бо вуҷуди ин, иқтисоди кишвар ҳамоно ба интиқоли маблағҳои муҳоҷирон вобастагии зиёд дорад.

Додгоҳи Димишқ муфтии пешини Сурияро ба ҳабси абад маҳкум кард

Додгоҳи ҷиноии чоруми Димишқ рӯзи душанбе, 24-уми август Аҳмад Бадруддин Ҳассун, муфтии пешини Сурия дар замони ҳукумати Башор Асадро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ихроҷи ду муҳоҷир аз Русия барои пӯшидани либоси занона

Додгоҳи ноҳияи Люблинои Маскав ду шаҳрванди хориҷиро барои "тарғиби ЛГБТ" ба 10 шабонарӯз ҳабс ва ихроҷ аз Русия маҳкум кардааст.