Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.
Ин масъала рӯзи 19-уми август дар Душанбе зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Чин Го Чжитсзюн баррасӣ шудааст. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, ҷонибҳо ба суръат бахшидани сохтмони роҳи мошингарди Мурғоб–Қулма, таҷдиди гузаргоҳи сарҳадии Қулма–Қаросу ва чанд тарҳи дигар таваҷҷуҳ кардаанд.
Дар рӯйхати лоиҳаҳо инчунин сохтмони эстакадаҳо дар чанд буриши кӯчаҳои Душанбе, сохтмони пул дар болои дарёи Душанбе ва анҷом додани роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ ҷой доранд.
Аммо дар иттилои расмии Вазорати нақлиёт муҳлати мушаххаси анҷоми ин тарҳҳо, арзиши умумии онҳо ва ҳаҷми маблағгузории ҳар кадом нишон дода нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки кадоме аз лоиҳаҳо аллакай ба марҳилаи ниҳоӣ наздиканд ва кадоме ҳанӯз дар марҳилаи омодагӣ қарор доранд.
Ҳамкории Чин дар сохтмони роҳҳои Тоҷикистон масъалаи нав нест. Масалан, соли 2021 Пекин барои марҳилаи дуюми лоиҳаи роҳи Душанбе–Қулма, ки қитъаи Қалъаи Хумб–Ванҷро дар бар мегирад, 800 миллион юан грант ҷудо кард. AidData ин маблағро тақрибан 114 миллион доллар арзёбӣ мекунад.
Дар соли 2026 низ корҳои марбут ба роҳи Душанбе–Қулма бо маблағгузории Чин идома доранд. Тибқи гузориши The Diplomat, моҳи марти соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон лоиҳаеро, ки бо гранти Чин ба маблағи 569 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мешавад, тасдиқ кардааст.
Пас, ҳамаи маблағгузории Чин барои роҳҳои Тоҷикистон қарз нест. Қисме аз онҳо грант мебошанд ва баргардонида намешаванд.
Чин аз иҷрои ин лоиҳаҳо чӣ имтиёзе ба даст меорад?
Роҳи Душанбе–Қулма Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад ва дар барномаҳои рушди долонҳои минтақавии нақлиётӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ҳукумати Тоҷикистон низ қаблан роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ–Рӯшонро бахше аз долони транзитии “Чин–Тоҷикистон–Узбекистон” номида буд.
Ба назари коршиносон, барои Пекин беҳтар шудани роҳҳои Тоҷикистон танҳо кумак ба як кишвари ҳамсоя нест. Роҳи хубтар метавонад интиқоли молҳои чинӣ ба бозорҳои Тоҷикистон ва минбаъд ба дигар кишварҳои минтақа осонтар ва арзонтар шавад.
Таҳлилҳои байналмилалӣ низ нишон медиҳанд, ки яке аз ҳадафҳои маблағгузории инфрасохтори хориҷии Чин беҳтар кардани пайвастагии нақлиётӣ ва коҳиш додани хароҷоти интиқоли мол барои ширкатҳои чинӣ мебошад.
Аммо фарзияҳои ин ки Чин дар баробари иҷрои лоиҳаҳои бузург ва стратегии Тоҷикистон аз имтиёзҳое мисли истихроҷи маъдан, замин ё назорати инфрасохторҳо низ сари забонҳо ва таҳлилҳои байналмилалӣ мегардад, вале маълумоти расмие дар ин бора таъйид нашудааст.
Коршиносони иқтисодӣ бештар манофеи Чинро аз иҷрои сохти роҳҳо дастрасии беҳтар ба бозорҳои Осиёи Марказӣ, коҳиши арзиши логистика, истифодаи ширкатҳои чинӣ дар сохтмон ва таҳкими мавқеи Чин дар долонҳои нақлиётии минтақа медонанд.
Аммо суолҳои асосие, ки сокинони кишвар аз масъулон дар бораи онҳо посух мехоҳанд, ин аст, ки чаро мақомот ҳамеша арзиши умумии лоиҳаҳоро аз мардум пинҳон мекунанд? Арзиши умумии ҳар як лоиҳа чанд аст? Чанд дарсади маблағ грант ва чанд дарсади он қарз аст? Оё шартномаҳо истифодаи ҳатмии ширкатҳо ва коргарони чинӣ ё дигар талаботи махсус доранд? Ва дар ниҳоят — Тоҷикистон барои ин маблағгузорӣ чӣ уҳдадориҳое ба зимма гирифтааст?
