Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ), ки то соли 2026 бо номи Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) фаъолият мекард, рӯзи 26-уми август аз қабули низомнома ва нишони нави худ хабар дод.
Ин ҳаракат дар саҳифаи расмии худ дар Фейсбук навишта, ки тағйири рамзҳои ҳаракат дар қолаби низомномаи нав бахше аз ислоҳоти дохилиест, ки пас аз тақрибан даҳ соли фаъолият дар муҳоҷират анҷом дода мешавад.
Ба гуфтаи НИТ, таҳияи Низомномаи нав пас аз таъсиси Гурӯҳи кории ислоҳот оғоз шуд. Ин гурӯҳ аз 28-уми майи соли 2026 фаъолияти худро оғоз карда, таҷрибаи фаъолияти созмон, сохтори идоракунӣ, шароити кунунӣ ва дурнамои фаъолияти онро мавриди омӯзиш қарор додааст. Пас аз муҳокима дар чанд ҷаласаи Раёсати Олӣ, Низомномаи нав 10-уми августи соли 2026 қабул шуд.
Дар Низомномаи нав НИТ ҳамчун ҳаракати иҷтимоӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва маърифатӣ муаррифӣ шуда, ҳадафҳои он ҳифз ва рушди арзишҳои исломӣ ва миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва рушди илму маърифат номбар шудаанд. Гуфта мешавад, санади мазкур сохтор ва салоҳиятҳои ниҳодҳои роҳбарикунандаи созмонро муайян мекунад. Ҳамзамон лоиҳаи парчами нави НИТ низ баррасӣ гардид, аммо қабули он ба таъхир гузошта шудааст..
Раёсати Олии НИТ инчунин нишони нави худро тасдиқ кардааст, ки дар он унсурҳое чун қалам, китоби боз, харитаи Тоҷикистон ва шуъоҳои нур истифода шудаанд, ки гуфта мешавад, ин унсурҳо дониш, маърифат, сарзамини Тоҷикистон ва арзишҳои ҳаракатро ифода мекунанд.
Ба гуфтаи масъулин, ин тасмимҳо идомаи ислоҳоте мебошанд, ки роҳбарияти НИТ чанде пеш оғоз карда буд. Он замон НИТ гурӯҳи кориеро таъсис дода буд, ки вазифаи он таҳияи пешниҳодҳо барои муайян кардани шакли минбаъдаи фаъолияти созмон бо дарназардошти воқеиятҳо ва шароити нав буд.
Дар баёнияҳои қаблии худ роҳбарияти ин ҳаракат гуфта буд, ки пас аз тақрибан даҳ соли фаъолият дар муҳоҷират ба хулоса расидааст, ки бознигарии шакл ва моҳияти фаъолият зарур аст. Ба гуфтаи НИТ, тағйироти вазъи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ нисбат ба ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии мазҳабӣ низ чунин ислоҳотро ногузир гардондааст. Созмон гуфта буд, ки мехоҳад муносибати худро ба масъалаҳои давлат, миллат, дин ва сиёсат аз нав муайян карда, барои марҳилаи нави фаъолият тавозуни муносиб байни сиёсат ва дин ва коҳиши танишҳо миёни арзишҳои миллӣ ва мазҳабиро таъмин намояд.
Дар доираи ҳамин ислоҳот, роҳбарияти НИТ пештар эълон карда буд, ки калимаи “ҳизб” аз номи он бардошта мешавад ва минбаъд созмон бо номи “Наҳзати Исломии Тоҷикистон” (НИТ) фаъолият хоҳад кард.
Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон то манъи фаъолияташ яке аз бонуфузтарин нерӯҳои сиёсии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ба гуфтаи худи раҳбарони ҳизб, он тақрибан 40 ҳазор узв дошт ва дар парлумони Тоҷикистон ду курсӣ дар ихтиёр дошт.
Соли 2015 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистонро манъ карда, онро созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон кард. Мақомоти Тоҷикистон ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябри ҳамон сол, ки ба муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода нисбат дода мешавад, айбдор карданд. Роҳбарон ва фаъолони ҳизб ин иттиҳомро рад карда, гуфтанд, ки манъи фаъолияти он ангезаи сиёсӣ дошт ва ҳадаф аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани мухолифон буд. Баъди манъи ҳизб, мақомот баъзе аз раҳбарон ва масъулони баланпояи ин ҳизбро боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ ва ҳатто умрбод зиндонӣ карданд. Ва гурӯҳи дигар аз масъулон ҳамроҳ бо садҳо узви он Тоҷикистонро тарк карданд ва фаъолияти худро аз хориҷи кишвар идома медиҳанд.
