Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон зимни сафари худ ба Беларус аз як корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти ширӣ боздид кард. Ин ҳайат рӯзи 21-уми августи соли 2026 ба корхонаи панири “Слутск” дар маркази Беларус рафта, бо раванди истеҳсоли панир ва дигар маҳсулоти ғизоӣ шинос шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ ва баъзе ниҳодҳои Беларус дар бораи ин боздид хабар дода, аксҳоеро нашр карданд, ки намояндагони Толибонро ҳангоми тамошои хатҳои истеҳсолӣ ва шиносоӣ бо маҳсулоти корхона нишон медоданд. Дар ҷараёни сафар барои ҳайат намунаҳои гуногуни маҳсулоти ширӣ ва ғизоӣ муаррифӣ шудаанд.

Аммо баъд аз чанд вақт хабарҳо ва аксҳои марбут ба ин боздид аз баъзе сомонаҳо ва саҳифаҳои иҷтимоӣ нопадид шуданд. Сабаби расмии ҳазфи ин маводҳо аз ҷониби мақомоти Беларус шарҳ дода нашудааст.

Ин ҳодиса дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоро ба вуҷуд овард. Бархе коршиносон таваҷҷуҳро ба муносибатҳои афзояндаи иқтисодии Беларус бо кишварҳое ҷалб карданд, ки муносибати ҷомеаи байналмилалӣ ба онҳо баҳсбарангез аст. Ҳамзамон, намояндагони Толибон ин сафарро як боздиди иқтисодӣ ва омӯзиши таҷрибаи истеҳсолӣ арзёбӣ мекунанд.

Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар Афғонистон дар соли 2021 талош доранд робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии худро бо кишварҳои гуногун густариш диҳанд, ҳарчанд аксари давлатҳои дунё то ҳол ҳукумати онҳоро дар Афғонистон ба расмият нашинохтаанд.

Ёдоварӣ мешавад, ки ин бори аввал нест сафари намояндагони Толибон ба кишварҳои дигар бо баҳсҳои сиёсӣ ҳамроҳ мешавад. Пештар низ боздиди ҳайати ин гурӯҳ ба Молдова таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб карда буд.

Тибқи иттилои расонаҳои Молдова, се намояндаи Вазорати кишоварзии Толибон аввали моҳи августи соли 2026 ба Кишинёв сафар карда буданд. Ҷониби Толибон изҳор дошт, ки ин сафар бо даъвати Вазорати кишоварзӣ ва саноати хӯроквории Молдова сурат гирифта, ҳадафи он баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди содироти маҳсулоти кишоварзии Афғонистон будааст.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Молдова ин маълумотро рад карда, гуфт, ки бо ҳайати Толибон ҳеҷ мулоқоти расмӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ баргузор нашудааст. Мақомоти Молдова ҳамчунин эълон карданд, ки масъалаи додани раводид ба ин ҳайат ва шароити сафари онҳо мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Муҳаммадиқболи Садриддин ба 21 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи низомии Русия Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати ислоҳотхоҳони Тоҷикистон ва мудири пойгоҳи “Ислоҳ”-ро дар ғайбаш ба 21 соли зиндон маҳкум кард.

Наҳзати исломии Тоҷикистон баъди тағйири ном рамзҳояшро низ иваз кард

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) рӯзи 26-уми август аз қабули низомнома ва нишони нави худ хабар дод.

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар Қазоқистон ва суолҳо дар бораи нақши мухолифин

Натиҷаҳои интихоботи парлумонии Қазоқистон нишон доданд, ки ҳизби ҳизби президенти кишвар Қосим-Жомарт Тоқаев бо ба даст овардани 70 дарсади оро мавқеи асосиро дар сохтори нави қонунгузорӣ соҳиб шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад Чин роҳҳояшро бисозад. Вале бо чӣ имтиёзе?

Тоҷикистон ва Чин барои суръат бахшидани чанд лоиҳаи бузурги нақлиётӣ дар Тоҷикистон мувофиқа кардаанд. Аммо маълум нест, ки кадоме аз ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.