Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Тибқи иттилои мақомоти расмӣ, ин мукофот барои “дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушду нумӯи кишвар” тақдим шудааст.

Рустами Эмомалӣ аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе буда, аз соли 2020 вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро низ бар уҳда дорад. Ин мақом тибқи Конститутсияи Тоҷикистон дар сурати холӣ шудани вазифаи президент, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳуриро муайян мекунад.

Қадрдонии навбатии Рустами Эмомалӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки солҳои охир бисёре аз таҳлилгарон ва мунтақидони ҳукумат мегӯянд, болоравии пайдарпайи ӯ дар сохторҳои давлатӣ метавонад ҳамчун омодасозии ӯ барои нақши калидӣ дар ояндаи сиёсӣ бошад. Бо вуҷуди ин, мақомоти Тоҷикистон то имрӯз расман изҳор накардаанд, ки Рустами Эмомалӣ вориси эҳтимолии Эмомалӣ Раҳмон хоҳад буд.

Болоравии Рустами Эмомалӣ дар саҳнаи сиёсӣ ҳамзамон бо афзоиши ҳузури дигар аъзои хонаводаи президент дар вазифаҳои давлатӣ сурат гирифтааст. Ин ҳолат солҳост, ки мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, таъйиноти онҳо ба қобилият ва фаъолияти касбӣ вобаста аст, на ба робитаҳои хонаводагӣ. Аммо таҳлилгарон дар робита ба пешравиҳои Рустам бозиҳои пасипардагии падараш Эмомалиро қавитар ва муассиртар медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.