Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.

Муовини сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода рӯзи 27-уми август зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии бахшида ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин нишондиҳандаро яке аз дастовардҳои асосии кишвар дар давраи истиқлол номид. Холиқзода гуфт, ки дар ин давра иқтисоди кишвар низ ба таври назаррас рушд кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, иқтисоди Тоҷикистон аз замони истиқлол ба ҳисоби миёна солона 7,6 дарсад рушд карда, ҳаҷми сармоягузориҳо ба 71,3 миллиард доллар расидааст. Мақомоти Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳоро далели рушди иқтисод ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ медонанд.

Иддаои коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисод дар Тоҷикистон, бахусус то 19 дарсад дар соли 2025 дар ҳоле садо медиҳад, ки беш аз ду миллион шаҳрванди кишвар дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекунанд ва зиндагияшонро бидуни кумакҳои ҳукумати кишвар пеш мебаранд. Онҳо барои он дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ки дар дохил кор пайдо намешавад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои вобастаи муҳоҷирати корӣ дар минтақа ба шумор меравад. Тибқи арзёбиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар солҳои охир беш аз ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қарор доштаанд ва қисми зиёди онҳо ба муҳоҷирати корӣ машғуланд.

Интиқоли маблағҳои муҳоҷирон низ барои иқтисоди Тоҷикистон аҳамияти калидӣ дорад. Бонки ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии молӣ мегӯянд, ки маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар солҳои охир ба яке аз муҳаррикҳои асосии истеъмол ва коҳиши камбизоатӣ дар кишвар табдил шудаанд.

Яъне, як қисми назарраси коҳиши камбизоатӣ на танҳо ба таъсиси ҷойҳои “кори босамар” дар дохили Тоҷикистон, балки ба даромаде вобаста аст, ки шаҳрвандон аз ҳисоби заҳмати худ дар хориҷ ба оилаҳояшон мефиристанд.

Ба назари коршиносон, барои арзёбии воқеии ин тағйирот бояд ба ин суолҳо посух дод: чанд ҷойи кори доимӣ ва бо маоши муносиб дар дохили кишвар таъсис ёфтааст? Чанд нафар барои пайдо кардани кор маҷбур ба муҳоҷират мешаванд? Ва то чӣ андоза рушди иқтисод ба афзоиши даромади воқеии аҳолӣ табдил шудааст?

Бонки Ҷаҳонӣ низ ҳушдор медиҳад, ки Тоҷикистон бо мушкилоти таъсиси ҷойҳои кори босамар рӯбарӯ буда, вобастагии иқтисод аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирон яке аз осебпазириҳои асосии кишвар боқӣ мемонад.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳадаф гузоштааст, ки сатҳи камбизоатиро то соли 2030 ба камтар аз 10 дарсад расонад. Аммо таҷрибаи 35 соли гузашта нишон медиҳад, ки масъала танҳо кам кардани як нишондиҳандаи оморӣ нест. Мушкилоти асосӣ эҷоди иқтисодест, ки шаҳрвандро барои зиндагии шоиста маҷбур накунад, ки садҳо ё ҳазорҳо километр дур аз хона кор кунад.

Дар чунин шароит, 19 дарсад камбизоатӣ метавонад як дастоварди оморӣ бошад, аммо барои арзёбии воқеии сатҳи зиндагии мардум, доштани ҷойи кори дохилӣ, маош, арзиши зиндагӣ ва вобастагии хонаводаҳо аз маблағҳои муҳоҷирон низ ба назар гирифта шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Трамп гузоришҳо дар бораи таҳдиди Русия ба НАТО-ро рад кард

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, мутмаин аст, ки Русия ба ҳудуди кишварҳои узви НАТО ҳамла нахоҳад кард.

НИТ мегӯяд, тағйири ном ва рамзи он ба мавқеи ҳаракат таъсир намерасонад

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) ҷузъиёти тағйирот дар ном, рамзҳо ва сохтори дохилии худро дар як суҳбати хусусӣ шарҳ дод.

Садҳо қурбонӣ бар асари фурӯрезии пирях дар марзи Непалу Чин

Фурӯрезии як пирях дар кӯҳҳои Ҳимолой дар марзи Непал ва Чин селоби азимеро ба вуҷуд оварда, ба яке аз марговартарин офатҳои табиии солҳои охир дар минтақа табдил ёфт.