Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек: аз мулоқот бо Пизишкиён то гуфтугӯ бо намояндагони ИМА

Раиcҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ, барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Бишкек рафт. Ӯ дар ҳошияи сафараш бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, намояндагони Иёлоти Муттаҳида, раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян мулоқот кард.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш масъалаҳои сулҳу амният, тағйирёбии иқлим, обу пиряхҳо, рушди устувор ва истифодаи зеҳни сунъӣ баррасӣ шудаанд.

Гутерриш дар ин мулоқот аз нақши Тоҷикистон дар матраҳ кардани масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи байналмилалӣ ситоиш карда, гуфтааст, ки СММ аз ташаббусҳои Душанбе дар ин самт пуштибонӣ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба масъалаи тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои об ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ ишора карда, пешниҳод намудааст, ки дар остонаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид, ки қарор аст соли 2028 дар Душанбе баргузор шавад, “Чаҳорчӯбаи оби Душанбе” ҳамчун як механизми роҳнамоии стратегӣ таъсис дода шавад.

Дар мулоқот масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ низ матраҳ шудааст. Тоҷикистон қаблан тарҳи қатъномаеро дар бораи нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам кардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ пешниҳод карда буд.

Дар Бишкек Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Серҷио Гор, фиристодаи махсуси президенти ИМА дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Стив Дейн, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико мулоқот кард.

Ҷонибҳо рушди муносибатҳои Тоҷикистону ИМА, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои энергетика, саноат ва истихроҷи маъданҳои нодиру муҳимро баррасӣ кардаанд.

Раҳмон механизми “С5+1”, ки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад, платформаи муҳими муколама ва ҳамкории минтақавӣ номидааст.

Масъалаҳои амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон ва роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо низ аз мавзуъҳои дигари мулоқот будааст.

Дар хабарҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки оё Эмомалӣ Раҳмон бо Антониу Гутерриш ва намояндагони ИМА масъалаи ҳуқуқи инсонро баррасӣ кардааст ё на. Ин ҳам дар ҳолест, ки ниҳодҳои СММ қаблан борҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, озодии бархе аз маҳбусонро талаб намудаанд. ИМА низ дар солҳои охир аз маҳдудиятҳои озодии дин дар Тоҷикистон интиқод мекунад.

Тибқи иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек бо Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон низ мулоқот карда, муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳиро баррасӣ кардаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин вазъ дар Ховари Миёна ва атрофи Эрон матраҳ шуда, тарафҳо ба роҳҳои сиёсии ҳалли низоъҳои минтақа таваҷҷуҳ кардаанд.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек дар як рӯз ҳам бо намояндагони ИМА ва ҳам бо президенти Эрон — ду кишваре, ки ҳоло дар ҳоли ҷанг ҳастанд, мулоқот кард.

Дар ҳошияи нишасти СҲШ президенти Тоҷикистон бо Никол Пашинян, сарвазири Арманистон низ мулоқот карда, тарафҳо бештар ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол миёни ду кишвар таваҷҷуҳ кардаанд. Аз ҷумла, рушди савдои дуҷониба, густариши робитаҳои соҳибкорон ва баргузории форумҳои тиҷоратӣ зарур дониста шудааст.

Ҳамчунин, зарурати баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъкид шуда, масъалаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон ва тақвияти робитаҳои дуҷониба низ дар ин мулоқот баррасӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай 1-уми сентябр дар Бишкек баргузор мешавад. Пойтахти Қирғизистон бори чаҳорум мизбони чунин нишаст буда, сарони кишварҳои узви созмон солҳои 2007, 2013 ва 2019 дар Бишкек ҷамъ омада буданд.

Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, ҳоло Тоҷикистон, Чин, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон, Узбекистон ва Беларус узви он буда, Афғонистон ва Муғулистон мақоми нозирро доранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои надоштани костюми хокистарранг хонандагонро аз дарси “Сулҳ” ронданд

Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва...

Оғози ҳамлаҳои нав байни Амрико ва Эрон

Таниш миёни ИМА ва Эрон дубора авҷ гирифт. Нерӯҳои Амрико ду партобгари мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломиро дар ҷазираи Лорак ҳадаф қарор доданд.

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.