Навори падаре, ки мегӯяд фарзандашро барои надоштани костюм ва шими хокистарранг аз дарс берун кардаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёдеро ба вуҷуд овард.
Ин наворро яке аз блогерони тоҷик бо номи “best_citi”дар Instagram нашр карда, он танҳо дар панҷ соат беш аз 200 ҳазор бор дида шуда, ҳазорон лайку шарҳ гирифтааст.
Падари кӯдак дар ин навор бо норозигӣ мепурсад, ки чаро фарзандаш танҳо барои надоштани як навъи муайяни либоси мактабӣ бояд аз таҳсил дур монад.
“Аз “дарси Сулҳ” фарзандамро пеш карданд. Сабабаш костюм ва шими хокистарранг надоштан”, — мегӯяд ӯ.
Ин блогер ҳамчунин мисол меорад, ки дар гузашта ӯ бо шим ва ҳатто кроссовкаи “Adidas” ба мактаб мерафт ва ҳоло дар Тоҷикистон яке аз беҳтарин тарроҳони графикӣ (графический дизайнер) мебошад, аммо 50 дарсади талабаҳои имрӯзае, ки костюму шим пушидаанд саводи кофӣ надоранд.
Падар дар идомаи навор духтари беморашро нишон дода, аз вазъи душвори оилааш мегӯяд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло маҷбур аст интихоб кунад, ки барои фарзанди бемораш дору бихарад ё барои мактаб шиму костюми хокистарранг. Ҳамчунин ин падар мегӯяд, барои шиму костюм маҷбур аст як моҳи дигар маошро интизор шавад ё чанд моҳ пул ҷамъ кунад.
Ба гуфтаи ин мард, то замоне ки як хонаводаи камбизоат маблағи либоси мактабиро ҷамъ мекунад, набояд кӯдакаш аз таҳсил маҳрум шавад. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, шароити иқтисодии ҳамаи хонаводаҳо яксон нест, бархе имкони харидани либоси нав доранд, аммо дар баъзе оилаҳо шахси бемор ё маъюб ҳаст ва хароҷоти дигар дар ҷойи аввал меистад.
Ин падар таъкид мекунад, ки вазифаи омӯзгор ҷалб кардани хонанда ба дарс аст, на аз мактаб берун кардани ӯ ба далели надоштани либос.
“Бояд муаллим бо тамоми вуҷудаш талабаро қапад, на ин ки аз мактаб берун кунад. Бовар кунед, зӯрам омад, ки ин наворро кардам. Магар мо дигар фарзандро ба мактаб набарем?” — мегӯяд падар.
Ба гуфтаи ӯ, дар назди мактаб даҳҳо хонандаи дигарро низ дидааст, ки ба дарс надаромадаанд ва аз онҳо пурсидааст, ки чаро ба дарс намеравед ва хонандагон посух додаанд, ки барои шиму костюми хокистарранг надоштан аз дарс ронданд.
Падару модарони зиёде дар зери ин навор навишта, дурустии гуфтаҳои ӯро тасдиқ кардаанд ва падаре гуфтааст, ки “Дарди дили миллион падарро гуфтед”.
Яке аз корбарон навиштааст, мактабҳо дар масъалаи либоси хонандагон то ҳадде сахтгир шудаанд, ки ҳатто ба пойафзоли кӯдакон эрод мегиранд ва баъзан онҳоро ба ҳамин сабаб ба дарс роҳ намедиҳанд ва гуфтааст, ки “Кош ҳадди ақал 10 фоизи ҳамин диққатро ба сатҳи савод ва сифати таълим равона мекарданд”.
Корбари дигар суол гузоштааст, ки “Бо шиму костюми хокистарранг илм бештар ҳосил мешуда бошад?” Ба назари ӯ, агар таваҷҷуҳ ба дониш ва фарҳанг бештар мебуд, рангу шакли костюм ба масъалаи асосӣ табдил намешуд.
“Ватандӯстӣ дар либос нест. Дар донишу ҳунари олӣ гирифтан аст”, — навиштааст корбари дигар.
Бархе низ мегӯянд, ки таъкид ба либоси ягона сол то сол бештар мешавад, аммо мушкили сатҳи саводи хонандагон камтар мавриди баҳс қарор мегирад.
Ҳамзамон, бархе аз корбарон иддао доранд, ки Вазорати маориф ва илм қаблан зидди маҷбур кардани волидон ба харидани либоси мактабӣ аз фурӯшандагони муайян изҳори назар кардааст. Аммо он то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҳодисаи сабтшуда дар кадом муассисаи таълимӣ рух додааст ва роҳбарияти мактаб ё мақомоти маориф ба иддаои ин падар чӣ посух доранд.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 11-уми август дар саҳифаи расмии худ вокунишеро нашр карда, гуфта буд, ки масъалаи либоси мактабӣ бояд бо риояи ҳуқуқу манфиатҳои хонандагон ва волидон, “бе ҳар гуна маҷбуркунӣ” ба роҳ монда шавад.
Ба гуфтаи вазорат, ин ниҳод дар дӯхт, таъмин ва фурӯши либоси мактабӣ иштирок надорад ва маҷбур кардани волидон ё хонандагон барои харидани либос аз истеҳсолкунанда ё нуқтаи савдои мушаххас ғайриқонунӣ мебошад.
Вазорат ҳамчунин таъкид карда буд, ки ҷалби омӯзгорон ба хариду фурӯши либоси мактабӣ низ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” манъ буда, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳақ надоранд омӯзгоронро ба чунин фаъолият водор намоянд.
Аммо ин вокуниш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқоди корбарон рӯбарӯ шуд. Бисёре аз онҳо зери ин вокуниши Вазорати маориф навиштанд, ки чунин изҳорот солҳост такрор мешавад, вале дар амал вазъ тағйир наёфтааст.
